Тоҷикобод: тақдими туҳфаҳои пулӣ ба фарзандони собиқ кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ки зимни адои вазифа фавтидаанд

Ноябрь 9, 2016 11:50

Тоҷикобод, 09.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар бинои шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки раиси нохия, командони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони милитсия ва ҷавонону роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ — Рӯзи милитсия ботантана таҷлил гардид.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи сиёсӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шуҷоатмандиву далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон доданд. Онҳо дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд ва давлату ҳукумати кишвар барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизмати ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи мунтазам зоҳир менамояд.
Дар хатми ҷамъомад як зумра кормандони пешқадаму собиқадорони ин ниҳод барои корнамоӣ ва садоқатмандона иҷро намудани вазифаи хизматӣ бо ифтихорнамаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.
Инчунин ба фарзандони собиқ кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ки зимни адои хизмат фавтидаанд, туҳфаҳои пулӣ тақдим гардиданд.

Ноябрь 9, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»