Ватикан ташаббуси Тоҷикистонро оид ба эълон намудани амалиёти Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд

Ноябрь 22, 2016 16:05

Душанбе, 22.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Субҳи имрӯз ман имконияти бузург доштам, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи худро супорам ва аз номи мардуми Ватикан ба мардум ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниятҳои неки худро ироа намоям. Аз имконияти мазкур истифода бурда, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли равон дар кишвар ҷашн гирифта шуд, табрик мегӯям»,-иброз дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ватикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фрэнсис Ассизи Чулликатт пас аз супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
«Ман мехостам зикр намоям, ки мо дар қисматҳои зиёди кишвар лоиҳаҳои гуногунро оид ба масъалаҳои башардӯстона, беҳтарнамоии тиб ва маориф амалӣ намуда истодаем. Дар соҳаи иҷтимоӣ кишвари Ватикан имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёдеро тавассути ташкилотҳои гуногун, ба монанди «Каритас Тоҷикистон», «Каритас Люксембург» ва «Каритас Олмон» амалӣ намуда истодааст. Мақсади асосии лоиҳаҳои мазкур- дастрасӣ пайдо кардани аҳолии ниёзманд ба кумаки иҷтимоӣ мебошад.
Дар доираи суҳбати имрӯза, ки бо Ҷаноби Президент доштем, ман хушҳол аз он гаштам, ки Ҷаноби Президент дар бораи оқибатҳои низоъҳои мусаллаҳона, ки дар қисматҳои гуногуни дунё ба мардум таъсири ниҳоят манфӣ расонида истодаанд, сухан гуфтанд. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму экстремизмро, ки имрӯз ба тамоми башарият таҳдид карда истодаанд, ҳамчун авлавиятҳои кишвари худ зикр намуданд. Албатта, дар ин ҷо мо бисёртар ба масъалаи қавӣ гардонидани ҳамкорӣ дар ин ҷода эътибори хоса додем»,-таъкид кард Сафири Ватикан.
«Масъалаҳои терроризм ва экстремизм имрӯз ба оқибатҳои гуногуни манфӣ оварда расонида истодаанд. Дар натиҷаи он мардуми зиёде дар кишварҳои гуногун гуреза гашта, муҳоҷири иҷборӣ шуда истодаанд. Инчунин падидаҳои мазкур ҷомеаро ноамн карда, ба рушди он хатар мерасонанд ва сатҳи камбизоатиро боло мебаранд. Умуман онҳо ба масъалаҳои мусбати ҷаҳонишавӣ таъсири манфии худро мерасонанд.
Дар ин ҷода ман сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоям, зеро он барои боз ҳам қавитар гардонидани муколамаи байни фарҳангҳо ва инчунин муколамаи байниинсонӣ равона гардидааст. Ин албатта, барои пешбурди амнияти ҷомеа ба мо кумаки калон мерасонад»,-афзуд Фрэнсис Ассизи Чулликатт.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ватикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фрэнсис Ассизи Чулликатт қаноатмандии худро аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини рушди босубот тавассути қавӣ гардонидани ҳамкории минтақавӣ дар сатҳи баланд иброз дошта, гуфт: «Ҳайати мо аз як хабари хуш ниҳоят хушҳол шуд, ки соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Шӯрои масоили сиёсию иқтисодии СММ интихоб гардидааст. Ман итминон дорам, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи узвияти худ дар Шӯрои мазкур барои пешбурди тамоми мақсадҳои рушди устувор кумаки ҳамаҷониба расонда, нақши сазовори худро мегузорад. Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикиситон имрӯз барои пешбурди масъалаҳои вобаста ба об барои рушди устувор то соли 2030 нақши ниҳоят муҳим бозида истодааст. Тавре мо медонем, об барои ҳар яки мо дар ҳаёт ниҳоят муҳим аст ва он унсури асосии рушд ҳисоб меёбад. Дар ин ҷода хушҳол аз онам, ки дар шаҳри Душанбе 9-11 августи соли равон конфронси сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, хусусан ҳадафи шашуми рушди устувор оид ба дастрасии ҳамагон ба масоили об ва санитария баргузор гардид. Ватикан ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эълон намудани амалиёти Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» тавассусти ташкилоти СММ, ки он соли 2018 оғоз гардида, соли 2028 ба охир мерасад, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд».

Ноябрь 22, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд вазъи соҳаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
Дар Арманистон ҷаласаи Шурои раисони судҳои олии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд