Донишҷӯйи тоҷик ғолиби конфронси илмии байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек гардид

Декабрь 16, 2016 09:27

ДУШАНБЕ, 16.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар конфронси бонуфузи илмии донишҷўён дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 250 нафар донишҷў аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Афғонистон аз рӯи навиштаҳои илмии хеш маърўза карданд. Мутахассисону олимони шинохта навиштаи илмии Завқиддин Эргашев, донишҷӯи тоҷикро беҳтарин ҳисобида, мақоми аввалро ба ў муносиб донистанд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
«Чунин конфронси илмии байналмилалӣ ҳамасола бо ибтикори раёсати Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек дар заминаи лоиҳаи модели Созмони Милали Муттаҳид бо ширкати беҳтарин донишандўзони мактабҳои олии кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳамсоядавлатҳои дигар баргузор мегардад»,-зикр кард манбаъ.
Завқиддин Эргашев собиқ муҳассили факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ буда, ҳоло тавассути шартномаи ҳамкорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсили худро идома медиҳад.

Декабрь 16, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!