Намоиши асарҳои суратгирони Ҷопон дар Китобхонаи миллӣ муддати 7 рӯз давом меёбад
ДУШАНБЕ, 16.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз санаи 20-ум то 27-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои суратгирони Ҷопон таҳти унвони «Нигоҳе ба ҷаҳони муосир: аксҳои ҷопонӣ аз солҳои 1970 то имрӯз» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷопон дар Душанбе иттилоъ доданд.
Дар ин рӯзҳо барои тамошобинони тоҷик ва меҳмонони пойтахт асарҳои 23 суратгири маъруфи Ҷопон, ки дар онҳо манзараҳо ва лаҳзаҳо аз ҳаёти пурҷӯшу хурӯши ҷомеаи Ҷопон дар даврони рушди босуръати иқтисоду саноат (солҳои 70-уми асри гузашта) ва замони муосир инъикос шудаанд, ба намоиш гузошта мешавад.
Намоиши аксҳо бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Ҷопон бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, Китобхонаи миллӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат мегирад. Даромад ба намоишгоҳ ройгон мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






