Наврӯзи байналмилалӣ соли 2017 дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад

Декабрь 19, 2016 16:58

ДУШАНБЕ, 19.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи байналмилалии 2017 рӯзҳои 21-22 марти соли оянда дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Тибқи қарори маҷлиси назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар тамоми шаҳру навоҳӣ, вазорату идора, муассисаю корхона ва мақомоти давлатӣ озмунҳо, фестивалҳо, олимпиадаҳо, суҳбатҳо,  намоиши расмҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда мешаванд.
Ҳамчунин тибқи ин қарор Вазорати фарҳанг, Иттифоқи рассомон ва Академияи мусаввирон вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи ангораи ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар муҳлати муайянгардида пешниҳод намоянд.
Дар назар аст, ки ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз давлатҳои Эрону Афғонистон ва Ӯзбекистон низ меҳмонон даъват карда шаванд.
Интизор меравад, ки Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагон ва Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи «Ашъори наврӯзӣ»-ро бо фарогирии беҳтарин шеърҳои наврӯзӣ моҳи январи соли 2017 нашр намоянд.
А. Раҳмонзода зикр кард, ки Наврӯзи соли 2017 бояд аз лиҳози сифат, мазмун ва муҳтаво аз чорабиниҳои солҳои гузашта тафовут дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол боз ҳам мақоми Мероси ҷаҳонии инсониятро ба даст овард. Қарори пазируфтани ҷашни Наврӯз ба феҳристи «Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ» 30 ноябри соли равон дар 11-умин ҷаласаи Муассисаи илм ва фарҳанги СММ, ки дар шаҳри Аддис Абеба- пойтахти Эфиопия доир шуд, қабул гардид. Ин навбат ба хотири ворид гардидани ҷашни Наврӯз ба феҳристи «Мероси ғайримоддии Юнеско» дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон пазируфта шуд. Дар ҷаласа намояндагони созмони мазкур гуфтанд, Наврӯз- ин ҷашни бостонии мардуми Шарқ таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад.
Хотиррасон мешавем, ки моҳи феврали соли 2010 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва як зумра кишварҳои дигар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 64-умин нишасти ин созмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон карда буд.
Наврӯз иди миллии мардумони Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва миллату қавмҳои дигари сокини Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик аст, ки ҳар сол рӯзҳои 21-22 март ҷашн гирифта мешавад.

Декабрь 19, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд