Об – ба хотири рушди устувор: «Ҳазорон нафар бе муҳаббат зистаанд, вале як нафар ҳам бе об зиста наметавонад»

Январь 7, 2017 09:18

 ДУШАНБЕ, 07.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ниҳоят муҳими экологӣ, ки имрӯзҳо мавриди омӯзиш ва баррасии ҷомеаи ҷаҳони муосир қарор дорад, ин норасоии оби ошомиданӣ аст. Аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то кунун доир ба нақши об дар зиндагии рӯзмарраи инсон муҳаққиқон, сиёсатмадорон ва коршиносон кашфиёту таҳқиқоти зиёд ба сомон расонидаанд. Имрӯз дар ҷаҳон 1 миллиарду 200 миллион нафар дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дастрасӣ ба оби нӯшокӣ барояшон мушкил аст.

Шоири англис В. Ауден гуфта буд: «Ҳазорон нафар бе муҳаббат зистаанд, вале як нафар ҳам бе об зиста наметавонад».

Воқеан ҳам об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, унсури асосии ҳаёт ба шумор меравад. Пайдоиш ва ташаккули зиндагии инсон ва умуман мавҷудоти зинда аз об вобастагии зиёд дорад. Маҳз об воқеияти ин ҷаҳону зиндагиро таровати зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Муҳимияти ин масъаларо дарк намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди 54-умин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад ва боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Сарвари давлатро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки нарасидани оби тоза яке аз мушкилоти асосӣ мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Эълони даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, имкон дод, ки мушкилоти норасоии об ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирад. Дар соҳаи захираҳои об 10 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз қабили лоиҳаҳои «Обёрии заминҳои водии Данғара»-марҳилаи 2, «Таъмини аҳолӣ барои устувории соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои обӣ», «Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон», «Обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон»», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон-марҳилаи 2», «Такмили системаи обтаъминкунии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва обтаъминкунии шаҳри Душанбе (марҳилаи 2)» татбиқ шуда истодаанд. Дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 238,2 млн.доллари ИМА маблағ ҷалб гардидааст, ки 140,5 млн. доллари ИМА ё худ 59%-и онро маблағҳои грантӣ, 85,4 млн.доллари ИМА ё худ 35,8% маблағҳои қарзӣ ва 12,3 млн.доллари ИМА ё худ 5,2%-и онро саҳми Тоҷикистон ташкил медиҳад.

initsiator

Яке аз ҳадафҳои муҳими Рушди ҳазорсола ба дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ вобаста аст. Сарфаю самаранок истифода намудани захираҳои обии бойи кишвар яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти имрӯза ба ҳисоб меравад.

Бояд хотиррасон кард, ки таҳдиду хатарҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла буҳрони молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак боис гардиданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» пурра татбиқ карда шаванд. Аз ин хотир, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» эълон карда шуд, ки ин ҳам пешниҳоди нави Сарвари хирадманди кишвари мост.

Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои асосӣ андешида шуданд, ки истифодаи самараноки захираҳои обӣ ҳамчун омили асосии фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Ҷиҳати татбиқи амалии ин стратегия дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар амалигардонии чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:

-фаъолияти устувори низоми нигоҳдорӣ, истифодаи инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ба сифати замина барои фаъолияти устувори кишоварзӣ обёришаванда ва таъмини амнияти озуқаворӣ, шуғли аҳолӣ дар деҳот ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷойҳо;

— барқарорсозии низомҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ҷиҳати баланд бардоштани обтаъминкунии заминҳои обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои шӯр ва ботлоқзор;

— мукаммалгардонии механизмҳои иқтисодии пӯшонидани хароҷоти нигоҳдорӣ ва истифодаи инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо дар зироаткории обёришаванда, такмили низоми субсидияи давлатӣ барои пардохти истифодаи неруи барқ бо мақсади обёрии заминҳои кишоварзӣ ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ, таъсири манфии сиёсати тарифии мавҷуда дар соҳаи обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ба самаранокии фаъолияти соҳа;

— ҳалли масъалаҳо оид ба гузаронидани шабакаҳои обёришаванда ва заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) ва дастгирии давлатӣ барои рушди устувор ва фаъолияти ин ассотсиатсияҳо;

— ҷорӣ намудани низоми самаранокии давлатии хавасмандгардонии азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ ва ба коркарди кишоварзӣ баргардондани заминҳои шӯр, ботлоқзор ва қаблан истифоданашуда.

Воқеан ҳам баҳри татбиқи тадбирҳои андешидашуда барномаҳои гуногун дар ин самт таҳрезӣ мегарданд. Мисоли ин амалисозии марҳалаҳои якум ва дуюми лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» мебошад, ки беш аз 575 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, зиёда аз 4200 гектар заминҳои нав обёрӣ карда шудаанд.

Илова бар ин, тибқи лоиҳа то соли 2019 беш аз 1700 гектар бояд обёрӣ карда шаванд, ки дар маҷмӯъ, қариб 6000 гектар заминҳои нав обёришуда мавриди истифода қарор гирифта, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки мушкилоти ҷаҳонии табиат, таъмини оби нӯшокӣ ва инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти кишварро бо назардошти талаботи экологии имрӯза тавассути баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати экологии ҳар як сокини сайёра таъмин намудан мумкин аст.

 

Мастура БУРИЕВА, мудири кафедраи омори

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон,

номзади илмҳои иқтисодӣ

Январь 7, 2017 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид
Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Дар ноҳияи Варзоб вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир шуд
Панҷ нафар бар асари тӯфон дар ҷануби Чин ба ҳалокат расиданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
19 кӯдак дар натиҷаи хуруҷи эҳтимолии бемории сурхакон дар шимолу шарқи Нигерия ҳалок шуданд