56 сол муқаддам, дар ин рӯз, 12 апрел, аввалин парвози инсон ба кайҳон сурат гирифта буд (Дар бораи тадқиқотҳои кайҳонӣ дар Тоҷикистон: аз Вега то Розетта)

Апрель 12, 2017 15:55

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрели соли 1961 кайҳонаварди собиқ СССР Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯи мадор давр зад ва давраи кайҳоннавардии таърихи башарро боз намуд. Аз он вақт инҷониб 12 апрел ҳамчун санаи муҳим дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.
Бо инкишофи минбаъдаи фаъолияти кайҳонӣ ҳамасола инсоният бештар дарк намуд, ки ин санаи таърихӣ такони ҷиддӣ барои рушди тамаддуни умумибашарӣ гардид. Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум аст, аммо 7 апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии СММ, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон баргузор гардид, 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон карда шуд. Ба замми ин Ассамблеяи Генералии СММ ба таври амиқ манфиатдории башарият дар тадқиқот ва истифодабарии фазои кайҳонро бо мақсадҳои осоишта изҳор кард. Ин қарори СММ дар бораи эътирофи умумибашарии мартабаи воқеаи 12 апрели соли 1961 шаҳодат медиҳад. Маҳз аз ҳамон вақт сар карда омӯзиши кайҳон фаъол гардид, ки аз натиҷаҳои он тамоми ҷомеаи башарият истифода мебаранд.
Шабакаи ҷаҳонии интернет, имкониятҳои муосири шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои алоқаи мобилӣ ба туфайли аз худ кардани фазои кайҳонии наздизаминӣ, яъне сар додани радифҳои зиёд ба ин фазо пайдо шуданд.
Омӯзиши ҳолати обу ҳаво ва пешгӯии он, харитасозии сатҳи Замин ва муайян кардани координатҳо (воситаҳои GPS), хизматрасонии навигатсионӣ, ҷустуҷӯи маъданҳои фоиданок ва ғайра – ҳамаи ин натиҷаҳои босамари омӯзиш ва истифодаи кайҳон мебошанд.
Лабораторияҳо тавассути радифҳо таҷрибаҳо мегузаронанд, ки ин дар шароити Замин ғайриимкон аст. Дар натиҷа, равандҳои зиёди нави биологӣ, физикӣ ва химиявӣ тадқиқ шуда, доруҳо ва моддаҳои нав, технологияҳо ва усулҳои инноватсионӣ ба даст оварда шудаанд, ки татбиқи онҳо барои фаъолият ва инкишофи ҷомеаи муосир аҳамияти бузург дорад.
КохироваДиректори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ Гулчеҳра Қоҳирова мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти пажӯҳишгоҳро дар тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта арзёбӣ намуд, ки ин ба таври пурра мутобиқи принсипҳои асосии қарори қабулгаштаи Ассамблеяи Генералии СММ мебошад.
Гулчеҳра Қоҳирова зикр кард, ки дар баробари омӯзиши объектҳои табиии кайҳонӣ, инчунин мушоҳида ва омӯзиши радифҳои маснуи Замин (РМЗ) бо пораҳояшон ба самтҳои асосии илмии Институт дохил мешаванд. Тараққиёти ин гуна тадқиқоти кайҳонӣ дар Тоҷикистон бо сар додани аввалин Радифи маснуи Замин ба кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи собиқ Иттифоқи Советӣ (СССР) оғоз шудааст. Дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ дар ҳамон вақт- Расадхонаи астрономии «Сталинобод» (РАС) 4 октябри соли 1957 мушоҳидаҳои аввалин радифи маснуи Замин бомуваффақият гузаронида шуданд ва баҳори соли 1958 дар Стансия барои гузаронидани мушоҳидаҳои мунтазами фотографӣ (РМЗ) таъсис доданд. Дар натиҷа маълумотҳои пурқимате ба даст омаданд, ки дар ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими астрономияи амалӣ-бунёдӣ ва геофизикӣ ёрӣ расониданд. Соли 1964 Расадхонаи астрономии «Ҳисор»-и Пажӯҳишгоҳ сохта шуд ва дар он камераи нави АФУ -75 барои мушоҳидаи РМЗ ба истифода дода шуд, баъдтар соли 1974 бо васл кардани дастгоҳи астрономии баландсаҳеҳ (ДАБ) мушоҳида ва омӯзишҳои РМЗ хубтару беҳтар ба роҳ монда шуданд. Телескопи ДАБ имкон дод, ки РМЗ-ҳои хеле хираро бо суръатҳои гуногун қайд намояд.
Гулчеҳра Қоҳирова мегӯяд, ки ба туфайли ин, пажӯҳишгоҳ дар бунёди заминаҳои маълумот аз рӯи барномаҳои байналмилалӣ «ИНТЕРКОСМОС» ва ғайра иштирок карда тавонист. Дар ин ҷо феҳристи Радифҳои геостатсионарии Замин (РГЗ), ки дар масофаи 40 ҳазор км аз Замин ҷойгир ҳастанд, тартиб дода шудааст. Мушоҳидаҳои РМЗ дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор» барои саҳеҳ гардонидани мадорҳои стансияҳои байнисайёравӣ ва РМЗ, инчунин тартиб додани феҳристҳои Радифҳои геостатсионарӣ истифода шудаанд.
Вақтҳои охир мушоҳидаҳои радифҳои геостатсионарии равшаниашон паст ва пораҳои онҳо бо истифодаи асбоби рақамӣ, ки коркарди фаврии маълумотҳои мушоҳидавиро таъмин менамояд, гузаронида мешаванд. Мушоҳидаҳои фаврӣ барои назорат ва идоракунии дастгоҳҳои кайҳонӣ ва масъалаҳои экологияи фазои кайҳонии наздизаминӣ заруранд. Пажӯҳишгоҳи астрофизика дар дигар соҳаи фаъолият ва истифодаи кайҳон бо мақсадҳои осоишта низ саҳм гузоштааст. Пажӯҳишгоҳ дар инкишоф ва омодасозии лоиҳаҳои омӯзиши кометаҳо аз кайҳон, аз ҷумла дар коркард ва амалигардонии барномаи байналмилалии IHW ва лоиҳаи шӯравии «СОПРОГ» оид ба тадқиқоти кометаи Ҳаллей, лоиҳаҳои «КАТРАН», «БЕНЕТ» ва «ИКОМ» иштирок намудааст.
Мушоҳидаҳои кометаи Ҳаллей дар Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳангоми амалигардонии лоиҳаи кайҳонии «ВЕГА» солҳои 1985 -1986 истифода гаштаанд ва айни замон ба бойгонии байналмилалии маълумотҳо дохил карда шудаанд. Натиҷаҳои тадқиқоти хусусиятҳои ядрои кометаҳо дар омодасозии лоиҳаи байналмилалии кайҳонии «РОЗЕТТА» истифода карда шудаанд.
Ба маълумоти директори Пажӯҳишгоҳ Гулчеҳра Қоҳирова, айни замон дар ин идора тадқиқотҳо аз рӯи ин самт идома доранд. Махсусан вобаста ба барқарорсозӣ ва замонависозии телескопи 1-метраи Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» мушоҳидаҳо боз фаъол шуданд. Расадхонаи «Санглох» дар ноҳияи Данғара, дар кӯҳи Санглох (2300 метр аз сатҳи баҳр) ҷойгир аст. Дар ин расадхона аллакай мушоҳидаҳои радифҳои интихобшуда бо пораҳояшон, яъне партовҳои кайҳонӣ, аз ҷумла дар якҷоягӣ бо ҳамкасбон аз муасиссаҳои астрономии Академияи илмҳои Россия ба анҷом расонида шудаанд. Аз рӯи натиҷаҳо, як қатор мақолаҳои муштарак интишор гаштаанд. Ҳамчунин баромадҳои ҳамҷоя дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таҳия гардидаанд.
Ба иттилои котиби илмии пажӯҳишгоҳ Ф. Раҳматуллоева, ба муносибати Рӯзи байналмилалии аввалин парвози инсон ба кайҳон дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор» ҷамъомад барпо мегардад, ки дар он кормандони Пажӯҳишгоҳ ва мактаббачагон — хонандагони бахши астрономияи Академияи илмҳои хурд иштирок мекунанд. Дар кори мизи мудаввар масъалаҳои муосир оид ба омӯзиш ва истифодаи кайҳон бо мақсадҳои осоишта, роҳҳои ҳалли онҳо, ба ин соҳа ҷалб намудани ҷавонон ва шахсони болаёқат мавриди муҳокима қарор мегиранд. Инчунин хоҳишу дархостҳо барои ба таври васеъ оммафаҳм гардонидани донишҳои астрономӣ дар ҷомеаи мо ҳам баён карда мешаванд. Барои шинос шудан бо телескопҳои Расадхонаи астрономии «Ҳисор» экскурсия ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин имрӯз кормандони Пажӯҳишгоҳ, устодон ва донишҷӯёни кафедраи астрономияи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ- амалиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии аввалин парвози инсон ба кайҳон мегузаронанд. Дар раванди кори семинар дар мавзӯъҳои «Тадқиқоти астрономӣ дар Тоҷикистон», «Аз Вега то Розетта» ва «Аввалин парвози инсон ба кайҳон» маърӯзаҳо шунида хоҳанд шуд.
Гагарин Ю.А.– кайҳоннаварди аввалин дар ҷаҳон, пеш ва пас аз парвоз ба кайҳон рӯзи 12 апрели соли 1961.
Дастгоҳи астрономии баландсаҳеҳ (ДАБ) дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АИ ҶТ барои мушоҳида ва омӯзиши радифҳои маснуи Замин.
Пораи партови кайҳонӣ (10-20 см), ки бо телескопи як метраи Расадхонаи «Санглох»-и ИА АИ ҶТ аксбардорӣ карда шуд.
Баромадҳои кормандони ИА АИ ҶТ бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардӣ.
Ҳангоми семинар дар кафедраи астрономияи факултаи физикаи ДМТ, бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардӣ. Ҳангоми экскурсия дар телескопи АЗТ-8 Расадхонаи астрономии «Ҳисор».

Мавҷуда АНВАРӢ

Апрель 12, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид
Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Дар ноҳияи Варзоб вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир шуд
Панҷ нафар бар асари тӯфон дар ҷануби Чин ба ҳалокат расиданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
19 кӯдак дар натиҷаи хуруҷи эҳтимолии бемории сурхакон дар шимолу шарқи Нигерия ҳалок шуданд
Байни Душанбе ва Тифлис хатсайри мустақими ҳавоӣ кушода мешавад