Баррасии масъалаи пешбурди сиёсати иқтисодии давлат дар Бонки миллии Тоҷикистон

Май 25, 2017 09:31

ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Масъалаи пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ 23 май зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии Пол Росс мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳи ҳамкорӣ бо Хазинаи Байналмилалии Асъор изҳори қаноатмандӣ намуда, барои вусъат бахшидани ҳамкории дуҷонибаи судманд ва татбиқи ислоҳоти сохтории низоми бонкӣ ҷиҳати беҳтар кардани вазъи низоми бонкӣ дар кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо  оид ба татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои берунӣ ба он табодули назар намуданд. Масъалаи муҳайё намудани фазои мусоид барои солимгардонии низоми бонкии кишвар, батанзимдарории бонкҳои муаммодор, такмил додани заминаи ҳуқуқии танзим ва назорат, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти молиявӣ мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.

Пол Росс барои рушди ҳамкории судманди тарафайн ва татбиқи минбаъдаи барномаҳои самарабахш ҷиҳати мусоидат ва дастгирӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ислоҳот дар низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуд.

Дар мулоқоти корӣ инчунин  сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми Вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи Байналмилалии Асъор Илҳом Раҷабов ширкат варзида, оид ба дурнамои ҳамкорӣ ва татбиқи барномаҳои минбаъда ибрози назар намуданд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба тақвият додани ҳамкорӣ баҳри рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии кишвар изҳори омодагӣ намуд. Аз ҷумла,  ӯ зарурияти  ҳарчи зудтар вусъат бахшидани раванди баррасии барномаи нави Хазинаи Байналмилалии Асъорро барои Тоҷикистон ва ҳамоҳанг намудани шартҳои онро барои татбиқи ислоҳоти самарабахш ҷиҳати таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодиёт таъкид намуд.

Қобили тазаккур аст, ки ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии Пол Росс дар Тоҷикистон барои гузаронидани машваратҳои корӣ дар доираи моддаи IV қарор дошта, дар ин сафар онҳоро намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Юрий Соболев, сариқтисодчиёни ХБА Далматсио Бенитсио, Терри Бейл, Джангянг Ю. ва иқтисодчӣ Каролина Кастелланос ҳамроҳӣ мекунанд.

 

 

 

Май 25, 2017 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид