Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Халқи тоҷики ман»-и Рамазон Абдулатипов муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, китоби худро бо номи «Халқи тоҷики ман» дар ҳузури роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати васеи меҳмонон аз Федератсияи Россия, Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, олимону донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистону Россия муаррифӣ кард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад.
Китоби «Халқи тоҷики ман» аз таърих, фарҳанг, забон, адабиёт, санъат, урфу одат, фолклор, ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик нақл карда, аз 12 фаслҳои алоҳида, аз ҷумла фаслҳои «Тоҷикистон – кишвари тамаддуни қадим», «Сарчашмаҳои қадимии халқи тоҷик», «Меъморӣ ва санъати тасвирии тоҷикон», «Аз Сомониҳо то РСС Тоҷикистон», «Иродаи динии тоҷикон ва замони муосир», «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ», «Тоҷикистон дар солҳои шӯравӣ» иборат ёфта, ҳамчун нашрияи илмӣ-оммавӣ ва иттилоотӣ барои доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст. Муқарризони китоби «Халқи тоҷики ман» академики АИ ҶТ Т.Назаров, доктори илмҳои таърих В.Дубовитский ва номзади илмҳои таърих Н. Амиршоҳӣ буда, китоб бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Парето-Принт»-и шаҳри Твери Федератсияи Россия бо муқоваи ранга чоп шудааст.
Мавриди зикр аст, ки муаллифи китоби «Халқи тоҷики ман» доктори илмҳои фалсафа, профессор Р.Абдулатипов солҳои 2005-2008 ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, дар таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистону Россия саҳми арзанда гузоштааст.
Акрам САНГЗОДА










Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






