8 июн-Рӯзи байналмилалии уқёнусҳо: ҳаҷми оби уқёнусҳо нисбат ба сатҳи хушкӣ тақрибан 3 маротиба зиёд аст
ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии уқёнусҳо таҷлил мешавад. Пешниҳоди таҷлил намудани ин рӯз дар Конфронси сатҳи баланд, ки соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардида буд, ба миён омад, то як иди нав- Рӯзи байналмилалии уқёнусҳо роҳандозӣ карда шавад. Ба ин хотир соли 2008 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарори махсуси худро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2009 инҷониб ин рӯз дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Дар робита ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Аброров ҳамсуҳбат шуд.
Тавре Ҳ. Аброров зикр намуд, «ба миён омадани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» яке аз масъалаҳои мубрамест, ки имрӯз аҳли башарро ба ташвиш овардааст ва он моро водор месозад, ки нисбат ба ин масъала корҳои зиёдеро ба анҷом расонем. Аз ин рӯ олимон, ходимони илмӣ ва коршиносонро зарур аст, ки паҳлӯҳои гуногуни ин масъалаи мубрамро ҳаматарафа таҳлилу таҳқиқ намуда, барои бартараф намудани камбудӣ ва норасоиҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд».
«Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз диққати аҳли башарро ба худ ҷалб кардааст, ин масъалаи ҳифзи оби баҳру уқёнусҳо ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки дар кураи замин масоҳати хеле калонро об фаро гирифтааст, агар ҳамаи масоҳати кураи замин 510 миллион км2 бошад, аз ин 360 миллион км2 онро оби баҳру уқёнусҳо ташкил мекунанд, ки ин 71%-и сатҳи кураи заминро ташкил медиҳад. Бинобар ҳамин кураи заминро кураи об гуфтан ҳам равост, зеро ҳаҷми оби уқёнус нисбат ба сатҳи хушкӣ тақрибан 3 маротиба зиёд аст», — зикр намуд ҳамсуҳбат.
Ба гуфти Ҳ. Аброров, «оби баҳру уқёнусҳо нисбат ба оби дарёҳо ва ҳамчунин нисбат ба кӯлҳо бо он фарқ мекунанд, ки дар таркиби он моддаҳои минералӣ ба миқдори зиёд ҳал шудаанд, яъне шӯрии оби уқёнус нисбат ба шӯрии оби дарёҳо хеле баланд аст. Мувофиқи тадқиқоти олимон, дар таркиби оби уқёнус қариб 50%-и элементҳои ҷадвали даврии элементҳои Менделеев мавҷуд мебошад.
Бояд зикр намуд, ки оби уқёнусҳои ҷаҳон фурӯбарандаи асосии энергияи офтоб ба ҳисоб меравад. Дар дохили ин обҳо имрӯзҳо тақрибан 600- сола энергияе, ки аз офтоб ба замин меояд, захира шудааст».
«Аҳамияти уқёнус дар ҳаёти ҷамъиятӣ хеле калон аст, зеро аз дохили он ҳамасола миллионҳо тонна моҳиҳои гуногун шикор карда мешаванд. Дар шикори моҳӣ нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон Япония бештар афзалият дорад. Инчунин он мамлакатҳое, ки дар назди соҳил мебошанд, ба монанди Хитой, Америкаи Лотинӣ, Америкаи Шимолӣ низ ба моҳидорӣ машғул буда, ҳамасола миқдори зиёди моҳиҳоро шикор мекунанд»,-иброз дошт Ҳ. Аброров.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, солҳои охир дар натиҷаи афзудани ҳаракат ба воситаи киштиҳои гуногун аз як мамлакат ба мамлакати дигар ва аз як уқёнус ба уқёнуси дигар бисёр вақт ба вайроншавии сифати об оварда мерасонад. Бисёр вақт киштиҳои калон тавассути баҳр аз як самт ба самти дигар нефт мебаранд, бинобар ин вақте ки ин киштиҳо ба ягон садама дучор мешаванд, нефти онҳо сатҳи уқёнусро бо миқдори васеъ пӯшонида мегирад, аз ин хотир мубодилаи моддаҳо байни атмосфера ва гидросфера паҳн шуда, қабати обро вайрон мекунад.
«Чунин ҳолат боиси марги миллионҳо ҳайвоноти баҳрӣ мешавад, зеро болои баҳрро қабати тунуки нефт пӯшонида, он сабаби норасоии ҳаво ва нобуд шудани бисёр ҳайвоноти баҳрӣ мегардад. Аз ин хотир дар оянда муҳофизат намудани оби уқёнус аз ҳар гуна садамаҳо яке аз вазифаҳои асосии илму техника ва талаботи ҷаҳони имрӯза мебошад»,-изҳор кард Ҳ. Аброров.








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






