Игор Лякин-Фролов: «Агар кӯҳу дарёҳо ва ҳавзу кӯлҳои асроромези Тоҷикистон бештар ташвиқ шаванд, соҳаи сайёҳӣ ба яке аз риштаҳои сердаромади кишвар табдил меёбад»
ХОРУҒ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов пас аз суҳбат бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз Маркази итилоотии Ассотсиатсияи эко-фарҳангии Помир, ки соли гузашта дар Боғи фарҳангии шаҳри Хоруғ бунёд ёфт, дидан намуд.
Дар ин ҷо барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳама гуна маълумот оид ба таърих, ҷуғрофия, расму анъана, фарҳанг, мавзеъҳои ҷолибу диданӣ ва маҳсулоти дастии косибону бофандагон, дуредгарону ресандагони маҳаллӣ дар шакли чопию тасвирӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар марказ чанд дӯконе мавҷуданд, ки ба сайёҳон ҳунарҳои дастӣ ба шумули ҷӯробу тоқӣ, бозичаҳои кӯдакона аз пашму пӯст, муҳраву дастпонаи занона аз сангҳои ороишӣ, либосҳои миллии занонаву мардона ва амсоли инҳо пешниҳод мекунанд.
Сафири Россия дар Тоҷикистон пас аз тамошои Марказ гуфт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба Тоҷикстон, аз ҷумла Бадахшон бештар шудааст. Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги ҷаҳонгардӣ аст ва агар мутахассисони ширкатҳои сайёҳӣ аз технологияи муосири коммуникатсионӣ ба таври оқилона истифода баранду ин кӯҳу дарёҳои пурхурӯш, ҳавзу кӯлҳои асроромез ва расму сунатҳои ҷолибро ҳарчи бештар ташвиқ кунанд, ҳамон қадар зудтар соҳаи сайёҳӣ ба яке аз риштаҳои сердаромади кишвар табдил меёбад. Сафир гуфт, ки баъди бозгашт ба шаҳри Душанбе кӯшиш хоҳад кард, ки як коршиноси соҳибтаҷрибаи риштаи сайёҳиро аз Федератсияи Россия барои ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи эко-фарҳангии Помир ҷалб кунад.
Сафир баъди тамошои Боғи ботаникии Помир, ки баландии он аз сатҳи баҳр 3500 метр аст ва пас Боғи Непал дар ҷаҳон мақоми дуввумро ишғол мекунад, ба чашмаи шифобахши Бибӣ Фотимаи Заҳро, ки дар яке аз деҳоти дурдасти ноҳияи Ишкошим, дар канори қалъаи маъруфи Қаҳа-Қаҳа ҷойгир аст, сафар намуд.










САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






