Дар Китобхонаи миллӣ Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд

Июль 15, 2017 12:20

ДУШАНБЕ, 15.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, палатаҳои  савдо ва саноати  Тоҷикистон ва ИМА,  ширкатҳои бонуфузи Амрико, аз қабили «General Electrics», «Mobilized Construction», «Visa», «Coca-Cola», «APR Energy», «Baker McKenzie», Корпоратсияи  «AGCO», шӯрои амрикоӣ оид ба  таҳсилоти байналмилалӣ, Агентии рушди сайёҳии «White 64» ва ғайра баргузор гашт.

Ба кори Форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ҳусни оғоз бахшид. Раиси  Шурои соҳибкорони ИМА ва Тоҷикистон, Директори муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди соҳибкории байналмилалӣ Филипп Де Леон аз пазироии самимии ҷониби  Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда,  ба кори нахустин Бизнес -форуми соҳибкорони Тоҷикистону ИМА комёбӣ таманно намуд.

Дар форуми  мазкур имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат  сайёҳӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дучониба байни Тоҷикистон ва Америка  дар шакли рӯнамо муаррифӣ карда шуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода рӯнамоии имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.

 

Июль 15, 2017 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд