Дар Тошканд дар бораи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон филми мустанад таҳия гардид

Июль 10, 2017 17:49

ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Телевизиони Ӯзбекистон филми мустанади «Ӯзбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст»-ро, ки онро шабакаи телевизиони «O‘zbekiston» таҳия кардааст, намоиш дод. Ин филм ба равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии миёни ду кишвари ҳамсоя бахшида шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аллакай филми мазкурро дар сомонаи расмии худ ҷой кард. Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов 5 июл зимни «пахши мустақим» ҳангоми ба суолҳо ҷавоб додан онро ҳамчун «филми хуб дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон» тавсиф намуд. Ба гуфтаи А. Комилов, филм «дар рӯҳияи хеле дӯстона» омода шудааст.

Дар навор, аз ҷумла зикр мешавад, ки имрӯз дар 250 мактаби ҳудуди Ӯзбекистон таҳсил ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо беш аз 55 ҳазор нафар хонандагон илм меомӯзанд. Дар Ӯзбекистон марказҳои миллию фарҳангии тоҷикон амал карда, рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ ба нашр мерасанд. Дар давоми чорякаср тақрибан 700 нафар шаҳрвандони тоҷиктабори Ӯзбекистон бо мукофотҳои олии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шудаанд.

Филм дар заминаи гармшавии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Президенти нав Шавкат Мирзиёев оғоз градид, таҳия шудааст,- чунин мешуморад АИ «Фарғона».

Робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду давлат пас аз 25-соли лағв гардидани алоқаи ҳавоӣ фаъол гардида, масоили содда гардонидани низоми раводид ва сарҳадӣ баррасӣ шуда истодаанд.

Дар филм зикр мешавад, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ҳамчун давлатҳои соҳибихтиёр ҷонибдори рушди муносибатҳои дӯстона ва   таҳкими минбаъдаи робитаҳои дерина мебошанд. Аз ҷумла, 20 октябри соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  муносибатҳои дипломатӣ барпо шуда буданд, ки барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои ду давлат имкон фароҳам оварданд. Нақши асосиро дар ин росто ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мебозад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  дар асоси ҳусни тафоҳум ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, барои хонандагони тоҷик дар нашриёти «Ӯзбекистон» як зумра китобҳои забони модарӣ ва адабиёт ба табъ расиданд. Тӯю ҷашнҳо бидуни сурудҳои ӯзбекӣ таҷлил намегарданд. Дар рушди робитаҳои ду халқ саҳми арзандаи маркази миллию фарҳангии тоҷикон калон аст.

Emomali-Rahmon-i-SHavkat-Mirziyaev

Дар филм таъкид мешавад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ бо Ислом Каримов иштирок карданд. Пешвои миллати тоҷик зимни маросими видоъ ба мардуми дӯсту бародари Ӯзбекистон, наздикону пайвандон ва ба аҳли оилаи Ислом Каримов аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон изҳори тасалияту ҳамдардии амиқ баён карда, даргузашти Ислом Каримовро талафоти азим барои Ҳукумат ва ҳалқи ӯзбек, ҳамзамон кулли мамолики дӯсти ин кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуданд. «Тамоми роҳи ҳаёти ӯ намунаи барҷастаи хизмати фидокорона ба халқ ва сарзамини худ мебошад. Ӯро дар Тоҷикистон чун шахси оқил ва ҷонибдори доимии ҳифз ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанд. Мутмаинам, ки насли имрӯза ва ояндаи халқи ӯзбек ворисони корҳои бузургу созандаи Ислом Каримов хоҳанд буд»,-иброз намуданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Тавре дар филм омадааст, Президенти кунунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 сентябри соли гузашта дар ҷаласаи якҷояи Парлумон махсус таъкид намуд, ки дар таъмини манфиатҳои миллии кишвар минтақаи Осиёи Марказӣ самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон маҳсуб меёбад.

Дар филм зикр шудааст, ки баҳори соли 2017 бар асари боришоти зиёд дар Тоҷикистон офати табиӣ ба амал омад ва  Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо шуда, дар  бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ кумак расонд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муддати кӯтоҳ ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон фиристонида шуд.

Бо ибтикори Президенти Ӯзбекистон аз 11 апрели соли 2017  парвози  ҳавопаймоҳои  ширкати миллии «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари» бо пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.

Дар Намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии корхонаҳои Ӯзбекистон, ки 17-20 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тамоюли таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду халқ ба вуҷуд омад.

Ба сифати чорабинии дигари таҷассумгари эҳтироми мутақобила дар филм Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон мисол оварда шудааст, ки нимаи аввали моҳи май дар Тоҷикистон доир шуданд. Ин чорабинӣ боз як пули дигаре дар роҳи таҳкими дӯстӣ миёни ду кишвар арзёбӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 май дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико, ки дар шаҳри ар-Риёзи Арабистони Саудӣ доир шуд, иштирок намуданд. Дар Саммит ҳамчунин сарони давлатҳои узви СҲИ ва Президенти ИМА, инчунин Дабири кулли СММ, Лигаи давлатҳои араб, Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс  ширкат доштанд. Дар доираи Саммит Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуда, доир ба масъалаи тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду давлат табодули афкор намуданд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси давлатҳои соҳибистиқлоли сулҳҷӯ дорои сарҳади давлатианд. Дар филм гуфта шудааст, ки ҳалли мусбати масоили марбут ба марз, бо назардошти манфиатҳои ду давлат, ба некуаҳволии мардумони тоҷику ӯзбек ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад. Бародарии ду халқ, ки решаи ҳазорсолаҳо доранд, минбаъд фақат таҳким хоҳад ёфт, ки ба ин ҳам тоҷикҳо ва ӯзбекҳо бовар доранд, хулоса кардаанд муаллифони филм.

 

Июль 10, 2017 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад