«Истиқлол» бозии дуюми санҷиширо бо дастаи «Машъал» мусовӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе- чемпиони Тоҷикистон бозии дуюмашро дар шаҳри Тошканд бо дастаи лигаи олии Ӯзбекистон –«Машъал»-и Муборак бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии «Истиқлол» 27 июл дар варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёти Ӯзбекистон барпо гардид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳисобро дар ин бозии санҷишӣ дар дақиқаи 9-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи «Истиқлол» боз кард. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ дар дақиқаи 57-ум Никита Павленко ҳисобро баробар намуд.
Хотиррасон менамоем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали санҷишӣ аз дастаи лигаи олии Ӯзбекистон – «Нефтчӣ»-и Фарғона бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд. Ин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии «Истиқлол» 25 июл дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и пойтахти Ӯзбекистон барпо гардид.
Ба иттилои манбаъ, 29 июл дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар Тошканд боз бо дастаи дигари лигаи олии Ӯзбекистон- «Металлург»-и Бекобод бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Дастаи «Истиқлол» таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев ба даври дуюми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва бозиҳои даври нимфиналӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ омодагӣ мебинад.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси қуръакашии бозиҳои нимфиналии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ғолиби минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст, дар даври нимфиналӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рақобат мекунад.
Дар бозии аввали нимфиналии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол» 22 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» – «Серес» рӯбарӯ хоҳад шуд.
Бозии ҷавобӣ 12 сентябр ё дар Сингапур ва ё дар Филиппин баргузор мешавад.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






