«Оқилаву дурандеш буда, ба қадри дахлу харҷи хонавода расед!»-даъват аз бонувон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 27.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо кормандони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Иштирокдорон доир ба риояи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии бегонапарастӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва риояи фарҳанги либоспӯшии миллӣ суҳбат оростанд.
Директори Китобхонаи миллӣ вобаста ба харҷу хароҷоти зиёдатӣ дар ҷашну маросимҳо, ки бештар аз ҷониби бонувон сар мезанад, аз суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос овард: «Дар ҳақиқат, зани оқилаву дурандеш ба қадри дахлу харҷи хонавода мерасад ва маҳсули дастранҷи шавҳарро беҳуда сарф намекунад. Ин гуна оилаҳо барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар шудани фарзандонашон талош мекунанд, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд, шароити зисту зиндагии худро беҳтар менамоянд, оилавӣ ба истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо рафта, дар фикри саломатӣ ва хушбахтии худу фарзандонашон мешаванд».
Дар вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамагон худогоҳу хештаншинос гардида, ба арзишҳо ва фарҳанги миллӣ эҳтиром гузоранд.