Танзими анъанаҳо-тақозои замон
ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 10-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласа доир гардид.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Набиҷон Халилзода ҳадафи баргузории ҷаласаро ба муҳимият ва аҳамияти қонуни мазкур дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум рабт дод. Номбурда иброз намуд, ки қабули қонуни мазкур ҳамчун иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маърака ва расму ойинҳоро ба низом даровард.
Иштирокдорони ҷаласа иброз доштанд, ки новобаста аз қонуншиканиҳои алоҳида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавонист шароити иқтисодии мардумро беҳтар намояд. Қонуни мазкур барои ба эътидол овардани ҷашну маросимҳои ба фарҳанги миллати мо бегона нақши бузург гузошт.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки кабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик маҳсуб мешавад ва барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст.
Зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» тақозои замон буда, 10 сол муқаддам маҳз бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва пешгирии исрофкориҳои барзиёд қабул шуда буд.