Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ: «Луғати мунтахаби калимаҳои хоси шева» ва «Забони ман-ҷаҳони ман» пешкаши алоқамандони соҳаи забоншиносӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ бо ташаббуси шуъбаи забони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои «Системаи лексикаи лаҳҷавии забони тоҷикӣ», «Луғати мунтахаби калимаҳои хоси шева», «Забони ман-ҷаҳони ман», «Очерки забони дарии Афғонистон» ва «Сарбаланди баландиҳои илм», ки ба қалами забоншиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника Ғаффор Ҷӯраев тааллуқ доранд, ба нашр расиданд.
Тавре олими тоҷик Ғаффор Ҷӯраев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар китоби «Системаи лексикаи лаҳҷавии забони тоҷикӣ» бори нахуст тадқиқоти марбутаи лексикаи лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ҷамъбаст гардида, ба самти нави пажӯҳишҳо дар лаҳҷашиносии тоҷик-лексикологияи минтақавӣ ибтидо гузошта шудааст. Муаллиф дар ин асар таркиби луғати лаҳҷаро ҳамчун низоми яклухт баррасӣ намуда, заминаҳои ташаккули онро дар мисоли маводи шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ нишон додааст.
Дар китоби «Луғати мунтахаби калимаҳои хоси шева» бори аввал ба ҳадди имкон калимаҳои хоси шеваи забони тоҷикӣ дар мисоли лаҳҷаҳои ҷануб ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҷамъоварӣ гардида, барои истифода дар дарсҳои амалии донишҷӯён аз фанни шевашиносӣ пешниҳод шудаанд. Дар таълифи ин китоб олимони дигари тоҷик М. Маҳмудов ва С. Қурбонов низ саҳм гузоштаанд.
«Забони ман-ҷаҳони ман» баъзе масъалаҳои забоншиносии имрӯзаи тоҷикро, ки ба рушди забони давлатӣ алоқаманданд, мавриди чашмандозии муаллиф қарор додааст.
Дар рисолаи «Очерки забони дарии Афғонистон» дар бораи дараҷаи омӯзиш, сохтори сарфию наҳвӣ ва таркиби луғати забони дарии Афғонистон маълумот дода мешавад.
Ба андешаи профессор Ғаффор Ҷӯраев, ин асарҳо барои забоншиносон, лаҳҷашиносон, мутахассисони таърихи забон ва алоқамандони соҳаи забоншиносӣ низ ҷолиб мебошанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






