ЧАРО ТОҶИКИСТОН АЗ ИСТИФОДАИ ФРЕОНИ 11 ВА 12 ДАСТ КАШИД? 16 сентябр-Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи қабати озон

Сентябрь 16, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 16.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Олимон зимни гузаронидани таҳқиқот дар солҳои  80-уми асри XX  исбот намуданд, ки  дар болои Антрактида  миқдори  озон кам гардида, дар қабати озон сӯрохӣ пайдо шудааст. Чунин вазъ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда,  водор сохт, ки нисбат ба ҳифзи қабати озон бетафовут набошанд. Ҷиҳати  ҳифзи қабати озон аз вайроншавӣ соли 1985 Конвенсияи Вена дар бораи нигоҳдории қабати озон  ва соли 1987 Протоколи Монреал  оид ба моддаҳои вайронкунандаи  қабати озон қабул гардиданд. Кишварҳое, ки ба ин санадҳо   ҳамроҳ гаштаанд,  уҳдадор шудаанд, ки  бо ҳамкории судманд дар ҳифзи қабати озон аз тадбирҳои муассир кор гиранд.

Дар иртибот   ба қабул гардидани  Протоколи Монреал  оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон  Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид  бо Эъломия   дар соли 1994 16 сентябрро  Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон (International Day for the Preservation of the Ozone Layer) эълон кард, ки он аз соли 1995 инҷониб таҷлил мегардад.

Ислоҳи копенгагении  соли 1992 ба Протоколи Монреал тамоми  кишварҳои истифодабарандаи моддаи 2-и ин санадро  уҳдадор намуд, ки  истифодаи гидрохлорфторкарбонҳоро  то соли 2020  99,5%  коҳиш дода, то соли 2030  истифодаи ин моддаҳоро пурра қатъ намоянд. Масъалаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки  дар ҳалли мушкилоти ҳифзи  қабати озон  ва паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим  тадбирҳои  мушаххас андешида,  моддаҳоеро коркард ва истифода намоянд, ки онҳо дорои қобилияти сардкунӣ буда, барои қабати озон безарар ва инчунин дорои неруи пасти гармои глобалӣ бошанд ва ба тағйирёбии иқлими сайёра таъсири манфӣ нарасонанд.

А. ГуломовАбдухалил Ғуломов, сармутахассиси Маркази миллии озони назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ мегӯяд, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон  ва соли 1997 ба Протоколи Монреал  оид ба моддаҳои вайронкунандаи  қабати озон  ҳамроҳ гардид. Соли 1998 бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  Барномаи миллӣ барои ҳифзи қабати озон  аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳия гардид. Инчунин дар Тоҷикистон соли 2002 Маркази миллии озон таъсис дода шуд, ки  ҳадафаш иҷрои корҳо вобаста ба назорат ва ҳамоҳангсозии   фаъолият оид ба кам кардани истифодаи  моддаҳои вайронкунандаи  озон, омӯзиши масоили марбут ба қабати озон, сабабҳои вайроншавӣ ва барқароршавии қабати озон   аст.

Ба андешаи А. Ғуломов, олимони ҷаҳон зимни таҳқиқот ба хулосае омаданд, ки яке аз сабабҳои асосии вайроншавии қабати озон дар сайёра  таъсири инсоният аст. Рушди бахши энергетикаю саноат ва нақлиёт  ба тағйирёбии иқлим дар сайёраи замин- гарм шудани ҳаво,  обшавии пиряхҳо, ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши табиӣ, ки яке аз омилҳои он заиф гардидани қабати озон аст, боис гардида, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш  овардааст. Тағйирёбии иқлим ба   зиёдшавии  партовҳои газҳои гармхонавӣ- гази диоксиди карбон ба атмосфера иртибот  дошта, ин газҳо дар натиҷаи сӯхтори ҷангалу бешазор, нафту ангишт   дар корхонаҳои азими саноатӣ ва партови нақлиёт, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти сардкунанда ва бухордиҳанда  хориҷ мегарданд.

озонСармутахассиси Маркази миллии озон мегӯяд, ки   озони стратосферӣ  зери таъсири афканишоти  ултрабунафши офтоб  аз молекулаҳои оксиген, ки 21 % атмосфераро ташкил медиҳанд, ба вуҷуд меояд. Тӯли солҳои охир қабати озон  аз таъсири фаъолияти инсон босуръат заиф гардида, сабабаш  сар додани мушакҳои кайҳонӣ, ки қабати озонро сӯзонида, сӯрох мекунанд, инчунин  хориҷшавии фреонҳо ё  хлорфторкарбонҳо ба  атмосфера аст.

Фреонҳо  моддаҳои  кимиёвии  вайронкунандаи озон буда, дар дохили яхдонҳо, таҷҳизоти сардкунанда ва бухордиҳанда (кондитсионерҳо), реагентҳои ба вуҷудоварандаи кафк истифода мегардад. Ҳангоме фреонҳо ба қабати болоии атмосфера мерасанд, аз онҳо зери таъсири шуоъҳои ултрабунафш атоми хлор ҷудо мешавад, ки яке аз паси дигар  молекулаҳои озонро ба косташавӣ меорад. А. Ғуломов афзуд, ки тибқи хулосаи олимон, хлор дар атмосфера  то 100-500 сол боқӣ монда, метавонад то сад ҳазор молекулаи озонро вайрон созад. Дар кишварамон  алҳол дар кондитсионерҳо ва мяхдонҳо  фреони  22 истифода бурда мешавад. Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  соли  2004 Тоҷикистон аз истифодаи фреони 11 ва 12, ки ба қабати озон осеб мерасонанд,  даст кашид.

промышленное прВайроншавии қабати озон  ба саломатии инсон  таъсири манфӣ расонида, сабаби суст гардидани масунияти одам, ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятӣ, саратон, диққи нафас, чашм ва нобиноӣ, тағйир ёфтани  сохт ва пигментатсияи пӯст мегардад. Заиф шудани қабати озон на танҳо ба зироат ва ҷангалзор таъсири баланди манфӣ расонида, боиси тағйироти ҷиддии таркиби кимиёвии растаниҳо мегардад, балки  радиатсия ба олами набототу ҳайвоноти обӣ  ва ҳатто радиатсияи  УБ-В ба ҳолати масолеҳи сохтмон зарарӣ ҷиддӣ мерасонад. Дар Тоҷикистон гидрохлорфторкарбонҳо ягона маводи вайронкунандаи қабати озон буда, дар шакли  фреон-22 барои хизматрасонии низоми ҳавотозакунӣ ва таҷҳизоти сардкунӣ  истифода мегардад. Кишвари мо моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро, ки таҳти назорати  Протоколи Монреал аст, истеҳсол намекунад, балки  онро дар шакли маҳсулот  истифода мебарад.

озон-1Дар шароити  иқлими гарми кишварамон  беш аз 90%-и  моддаҳои вайронкунандаи қабати озон  дар дастгоҳҳои сардкунанда — яхдонҳои  маишию  нақлиётӣ  ва таҷҳизоти сардкунанда истифода мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як  узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон  дар ҳалли масоили глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла  ҳифзи қабати озони сайёраи замин, ки қабати ҳаёт ном бурда мешавад, қадамҳои муассир гузошта,  барои иваз кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ҷорӣ намудани  технологияи аз лиҳози экологӣ безарар бо истифоа аз имконоти мавҷуда  тадбирҳои  саривақтӣ  меандешад.  Таъсиси Маркази миллии озон дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои наҷиби Ҳукумати  мамлакат дар самти ҳифзи қабати ҳаёти сайёра –озон  аст.

 

Марзия САИДЗОДА

Сентябрь 16, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад