Дар Душанбе бахшида ба Рўзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ доир мешавад

Сентябрь 30, 2017 14:12

ДУШАНБЕ, 30.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 октябри соли 2017, соати 9:00, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» баргузор мегардад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони асосии ин ҳамоиши илмӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, конференсияи мазкур бо иштироки забоншиносон, олимон, донишмандон, муҳаққиқони пажўҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор мегардад.

«Дар конференсия зиёда аз 30 маърўза пешниҳод шудааст, ки  ба масъалаҳои «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна», «Истиқлолият ва нақши имло дар танзими забони миллӣ», «Забон ҳамчун ниҳоди бунёдии ҷомеа», «Мушкилоти имло дар навишти реклама», «Зарурати татбиқ ва истифодабарии барномаҳои компютерӣ барои осонсозии риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забони давлатӣ»  нигаронида шудаанд»,-илова намуд манбаъ.

Сентябрь 30, 2017 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад