Дар Пекин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни АМИТ «Ховар» ва АИЧ «Синхуа» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, дирӯз дар Пекин аз рӯи натиҷаҳои мулоқот ва гуфтушунидҳои сатҳи олӣ дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Чин «Синхуа» ба тасвиб расид.
«Мувофиқи санади имзошуда агентиҳои иттилоотӣ табодули маводи иттилотӣ мекунанд, аз ҷумла барои ташкил ва таъмини инъикоси сафарҳои сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин ва дигар чорабиниҳои байнидавлатӣ, ки дар ҳудуди ду мамлакат баргузор мегарданд, ҳамкории зич ба роҳ монда мешавад», — зикр кард директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ.
Тавре С.Сиддиқ иброз дошт, ба имзо расонидани ин санад хеле муҳим мебошад, хусусан бо назардошти он ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Мардумии Чинро дӯсти боэътимод ва шарики самимии Тоҷикистон баҳогузорӣ карданд.
Хотиррасон мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 1 сентябр зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Синхуаи ҶМЧ изҳор карданд: «Тоҷикистони муосир қисмати фаъоли низоми равобити байналмилалӣ буда, дар ҳама гӯшаю канори сайёра дӯстони зиёдро пайдо кардааст ва дар байни онҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми хоссаро доро аст. Дар кишвари мо Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобанд ва мо аз пешрафту рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.».
Директори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳарду агентӣ бо мақсади табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи касбият якҷоя як зумра тадбирҳоро амалӣ мекунанд, зеро ҳарду агентӣ, ба гуфтаи ӯ, “дорои таърихи бой, таҷриба, ҳунар ва анъанаҳои нек мебошанд. Ҳам агентии «Ховар» ва ҳам агентии «Синхуа» қариб дар як вақт- охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юми асри гузашта таъсис дода шуда, аз агентиҳои иттилоотии бузурги минтақа дониста мешаванд».
Хотиррасон мешавем, ки агентии «Синхуа», мисли агентии «Ховар» дар Тоҷикистон, агентии иттилоотии давлатии ҶМЧ мебошад. АИЧ «Синхуа» соли 1931 таъсис ёфта, то моҳи январи соли 1937 номи «Чини Сурх» дошт (тарҷумаи калимаи Синхуа — Чини нав мебошад). Холо дар АИЧ «Синхуа» зиёда аз 8 ҳазор нафар кор мекунанд. Дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳрҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои автономии ҶМЧ филиалҳои агентӣ ва ҳамчунин дар 50 шаҳри Чин гурӯҳи хабарнигорони «Синхуа» фаъолият менамоянд. Илова ба ин, АИЧ «Синхуа» дар 105 кишвари олам шуъбаҳои худро дорад.
Таҳти идораи «Синхуа» зиёда аз 40 адад нашрия чоп мешавад. Ин агентӣ бо 7 забон дар тамоми кишварҳои олам хабар паҳн мекунад. Дар як рӯз агентӣ зиёда аз ҳазор хабар таҳия ва паҳн карда, зиёда аз 306 радио, 368 шабакаи телевизионӣ, 2119 рӯзнома ва 9038 нашрияҳои давриро бо иттилоот таъмин месозад. Якуми июли соли 2010 АИЧ «Синхуа» шабакаи телевизионии «CNC World» -ро фаъол намуд, ки он ба воситаи моҳвора ба тариқи шабонарӯзӣ ба забони англисӣ иттилоот паҳн мекунад.









Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






