Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

Сентябрь 21, 2017 21:01

ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ин ҷаласаи сатҳи баланд ҳамчунин Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шахсиятҳои воломақоми давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мавҷудияти Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар як давраи кӯтоҳ барои баланд бардоштани дарки моҳияти об барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор такони ҷиддӣ бахшида, нақшаи амали он минбаъд дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад аз имкониятҳои ин Даҳсола васеъ истифода бурда, дар паст кардани шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас саҳм гузорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат карда, дар ин самт барои муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳои ҷаҳон кумак менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доштанд, ки вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсола Тоҷикистон Консепсияи татбиқи онро бо маҷмӯи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Панел пешниҳод намуда, барои амалӣ намудани он ҷаҳд менамояд ва ният дорад, ки Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Даҳсола қабул карда, барои амалӣ намудани он Маркази махсус ва ҷиҳати назорати иҷрои он Кумитаи тадорукотро дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад.

Дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Маврикий хонум Амина Ғуриб Факим, Президенти Венгрия Янош Адер, Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина, Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте, Вазири корҳои хориҷаи Иттиҳоди Австралия Ҷулия Бишоп, Вазири банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Урдун Имад Фахурӣ, Вазири тиҷорати хориҷӣ ва туризми Перу Эдуардо Феррейрос Купперс ва Муовини вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табии Мексика Родолфо Ласи Тамаё суханронӣ намуданд.

Иштирок дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об 21.09.2017

Сентябрь 21, 2017 21:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд