РАМЗИ ҶОВИДОНАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. 22 сентябр – Рӯзи Рӯдакӣ

Сентябрь 22, 2017 12:24

Шеъри тоҷикӣ-форсӣ аз Рӯдакӣ оғоз гирифта… Сухансарои бузург бо каломи тасхиркунандааш мардумонро ба накӯкорӣ, инсондӯстӣ ва кирдори хирадмандона даъват менамуд. Имрӯз ҳам шеъри волову сухани миллатсози устод Рӯдакӣ ба рамзи фарҳанги оламгири тоҷик, ба хирадмандӣ ва созандагиву накӯкорӣ табдил ёфта, дар шинохт ва беҳдошти асолати миллӣ нақш мегузорад. Устод Рӯдакӣ рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози тоҷик мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ – тавонотарин шоири даврони Сомониён, бунёдгузори адабиёти тоҷику форс бо лақабҳои «Одамушшуаро», «Султонушшуаро» ва «Соҳибқирони шоирон» таҷлил мешавад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон  ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ, номзади илми филология, рӯдакишинос Шамсиддин Муҳаммадиев иброз дошт, халқи тоҷик бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар солҳое, ки Тоҷикистон пояҳои истиқлолияти давлатии худро устувор менамуд, Рўзи Рўдакиро дар 22- юми сентябр барқарор намуд. Маҳз бо кўшишу талошҳои Сарвари давлат ҷашни 1100 – солагии Давлати Сомониён дар миқёси байналмилалӣ ва баланд бо бунёди Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ таҷлил гардид, ки дар амри таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдати миллии мардуми кишвар таъсири босамар гузошт.

Бо пешниҳоди Президенти кишвар аз тарафи ЮНЕСКО дар соли 2008    1150 – солагии шоири миллии мо, падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню- Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ба ҳамин муносибат дар Боғи ба номи Рўдакӣ дар радифи пайкараи асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон — Сомониён — Исмоили Сомонӣ гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонӣ ва эҳтироми халқу давлат ва Роҳбари кишвар ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.

«Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост», -зикр намуд рӯдакишиноси тоҷик.

Рузи РудакиШамсиддин Муҳаммадиев мегӯяд, ки бо вуҷуди он ки аз адабиёти замони Рўдакӣ ва ҳамасронаш зиёда аз ҳазору сад сол мегузарад, он ҳарчи бештару бештар моро ба сўи худ мекашад. Ин қадар ҷозибаву асолат дар ин адабиёт, пеш аз ҳама, аз он аст, ки ин адабиёт дар муқовимат бо адабиёти ғаниву бонуфузи арабӣ, бо таваҷҷуҳ ба осори бостонии порсӣ ба миён омад. Табиист, ки бори асолати он сангинтар аз сохтори ориятии он аст, ки нахустин шуарои порсигў, агарчи вазни арўзу қофияро аз адабиёти араб гирифта бошанд ҳам, ба арўз вазни рубоиву маснавӣ ва ба қофия радифро афзуданд. Дар мазмуну муҳтаво ва тахайюли шоирӣ, ки аз унсурҳои дигари каломи манзум аст, асолати шеъри шоирони ҳамаҳди Рўдакӣ бартар аз шеъри шоирони баъдӣ буда, аксари мавзўъҳои шеъри тоҷикӣ дар ҳамон замони босаодат вориди адабиёт гардидаанд. Шоирони ҳамаҳди Рўдакӣ, ҳатто шоирони пеш аз онҳо, аз ифтихори милливу ватандўстӣ ҳарф задаанд. Ҳамин хусусияти адабиёти он давраро ба назар гирифта, онро баъзе аз муҳаққиқон адабиёти давраи эҳёи тоҷикон хондаанд.

Бино ба маълумоти ҳамсуҳбати мо, халқи тоҷик дар нахустин солҳои бинои истиқлолияти худ дар ибтидои қарни гузашта барои ташкили Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз фарзанди баруманди хеш суроғ мекунад ва соли 1925 Рўзи Рўдакиро таъсис медиҳад. Номи Рўдакӣ дар он солҳои мубориза барои ташкили Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон барои халқи тоҷик рамзи қадимии адабиёту фарҳанг ва давлати он гардида буд. Соли 1958 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистони Шўравӣ 1100 – солагии шоир ҷашн гирифта мешавад, ки ба ҳамин муносибат китобҳои «Осори Рўдакӣ» ва «Осори ҳамасрони Рўдакӣ» аз чоп баромаданд. Дар ин солҳо тадқиқоти зиёде, аз ҷумла монографияи «Абў Абдулло Рўдакӣ» — и Абдулғанӣ Мирзоев ба нашр расиданд.

Рудаки хайкал

Шамсиддин Муҳаммакдиев аз хидматҳои бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҷустуҷў ва муайян кардани осору аҳволи шоири забардаст ва бахусус зодгоҳи Рўдакӣ ёдовар шуд, ки дар ин бора зиёд гуфта ва навиштаанд.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, омӯзиши рӯзгору осори ин шоири бузург ҳанӯз аз қарни XIX дар Аврупо шурӯъ шуда, дар Россияву Америка ва мамлакатҳои Шарқ идома меёбад ва бузургтарин шарқшиносони ҷаҳон ба қудрати шоирии ӯ баҳои баланд додаанд. Имрӯз рӯдакишиносӣ на танҳо дар Тоҷикистону Эрон, балки дар эроншиносии ҷаҳон нақши муҳим дорад.

Парк РудакиДар робита ба ин Шамсиддин Муҳаммадиев  гуфт, ки аз соли 2002  то имрӯз даҳҳо номгӯй китобу рисолаҳои илмӣ, мақолаҳои хонданиву пажӯҳишҳои арзишманд чоп шудаанд ва он ганҷинаи ғаниро ғанитар кардаанд, вале масоили ҷамъоварӣ ва омўзишу таҳқиқи осору аҳволи шоирро ба таври шоиставу дархўри замон ва тамомшуда наметавон шуморид.

«Мо медонем, ки дар кишварҳои бо мо ҳамфарҳангу ҳамҷавори Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Ўзбекистон ва Озарбойҷон нусхаҳои фаровони хаттии форсӣ вуҷуд доранд, ки осори шоирони замони сомониву пеш аз онҳо дар маҷмўаҳо, тазкираҳову фарҳангҳо нуҳуфта мебошанд. Аксари он нусхаҳо феҳристнигорӣ нашудаанд ва ношинохта мондаанд. Бояд зикр намуд, ки имрўз барои аксбардории осори қаламии маҳфуз дар китобхонаҳову осорхонаҳои онҳо шароит фароҳам омадааст. Дигар он ки маъхазҳои дасти аввали марбут ба осору аҳволи Рўдакӣ ва шоирону номоварони Сомониён, мисли «Китоб- ул — ансоб» — и Абесаъд Абулкарим ибни Муҳаммад ибни Мансури Хуросонии Марвазии Самъонӣ ва «Ятимат — уд — даҳр»-и Абӯмансури Саолабӣ ҳанўз ба забони мо баргардон нашудаанд»,-илова намуд ҳамсуҳбат.

Олими тоҷик аҳамияти ашъор ва осори устод Рӯдакиро дар тарбияи худшиносии ҷавонон, хусусан дар Соли ҷавонон хеле муассир ва муҳим шуморида, зикр намуд, ки ашъор ва осори устод Рӯдакӣ ҳамеша пур аз ҳикмат ва таҷрибаи рӯзгор мебошанд. Мактаби бузурги шоирие, ки ин бунёдгузори адабиёти тоҷику форс ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо метавон аз ин мактаб сабақҳо бардошт.

Ба андешаи рӯдакишиноси тоҷик, андешаҳои волои инсондӯстии Рӯдакӣ на танҳо дар тарбияи ҷавонони кишвар дар амри дӯст доштани забон, адабиёт, осори фарҳангӣ ва ниҳоят дӯст доштани Ватану эҳтиром гузоштан ба таърихи  пурифтихор ва шахсиятҳои номовари миллат таъсиргузор аст, балки дар ҷаҳони муосир ва коста гардидани ахлоқу маънавиёт дар аксари кишварҳои мутараққии олам барои таҳкими арзишҳои умумибашарӣ хеле муҳиманд.

 

 Мавҷуда АНВАРӢ

 

Сентябрь 22, 2017 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад