САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ТАНЗИМКУНАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ТАШАККУЛИ ЗАМИНАҲОИ НАВИ ТАНЗИМИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 16, 2017 17:42

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди сайёҳиро дар дилхоҳ давлат бидуни таъмини заминаимеъёрӣ ва ҳуқуқӣ бунёди таҳкурсии конунгузорӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Кафолати баамалбарории фаъолияти сайёҳӣ дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Мутобиқи ин модда «Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад». Асоси инкишофи иқтисодии ҷомеа иқтисодиёти бозаргонӣ мебошад.

Ин муқаррароти конститутсионӣ муқаррароти заминавии ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолияти сайёҳӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Мутобиқи моддаи 37 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рўзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рўзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст». Ин ҳуқуқи шахс берун аз вақти корӣ ба истифодабарӣ аз имкониятҳои қонунгузории сайёҳӣ мебошад.

Дар асоси моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад».

Қонунгузории сайёҳӣ ин маҷмўи санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқие мебошад, ки ба воситаи он муносибатҳои сайёҳӣ ба танзим дароварда мешавад. Низоми санадҳои меъёрии ҳукуқии батанзимдарорандаи фаъолияти сайёҳӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мутобиқ бошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ин дам маҷмўи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки бевосита ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд.

Ба онҳо пеш аз ҳама қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019”, “Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015- 2017”, “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва монанди инҳо дохил мешаванд.

Қабули санадҳои меъёрии-ҳуқуқии зикргардида шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон заминаи зарурии ҳуқуқии рушди сайёҳӣ вуҷуд дорад.

Дар ин ҷода, Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ бо дарназардошти тараққиёти соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳолати такмилталаб шудани санадҳои меъёрии- ҳуқуқии соҳа, дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута тадбирҳои амалӣ меандешад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” 3 сентябри соли 1999 №824 қабул гардида, ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки барои беҳдошти фаъолият дар соҳа созгор мебошад.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва тартиби амалӣ намудани фаъолияти сайёҳиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур  мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– туризм – шуѓле, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути саёҳат (тур) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷои  истиқомати доимӣ ба роҳ мемонад.

– туризми дохилӣ – ташкили саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд.

– туризми сайёр (содиротӣ)–ташкили саёҳат (тур) ба дигар кишварҳо барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд.

– туризми ташрифӣ (воридотӣ)–ташкили саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ надоранд.,

– туризми иҷтимоӣ–саёҳате (туре), ки аз ҳисоби маблаѓҳои аз тарафи давлат барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҷудогардида пардохта мешавад.

– туризми худфаъолиятӣ-саёҳат (тур) бо истифодаи воситаҳои фаъоли ҳамлу нақл, ки туристон мустақилона ташкил мекунанд.

– туризми варзиши кўҳгардӣ–намуди истироҳати фаъоле, ки ба ташкили  хатсайрҳои пиёдагард дар шароити кўҳсор алоқаманд аст.

– кўҳнавардӣ (алпинизм)–намуди ѓайриоддии туризм, ки бо баромадан ба қуллаҳои кўҳӣ алоқаманд аст.

– турист-шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат (тур) сафар мекунад.

– саёҳат (тур)–сафари туристӣ бо хатсайрҳои муайян дар мўҳлатҳои муайян бо таъмини маҷмўи хизматрасониҳо оид ба ҷобаҷокунӣ, ҳамлу нақл, озуқа, хизматрасониҳои экскурсионӣ, инчунин хизмати роҳбаладону тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки вобаста ба мақсади саёҳат (тур) дар мавриди таъмини кафолати амнияти онҳо, ҳимоя ва ҳифзи тандурустии туристон пешниҳод карда мешавад.

– маҳсулоти туристӣ – маҷмўи хизматрасониҳои туристӣ, ки бо назардошти  вазъи бозори туристӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи турист дар асоси шартнома дастрас мебошанд.

– фаъолияти танзимгари туризм – фаъолият оид ба ташаккул, пешбурд ва фурўши маҳсулоти туристӣ, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (минбаъд- «танзимгари туризм») амалӣ карда мешавад.

– фаъолияти агентии туризм – пешбурд ва фаъолият оид ба фурўши маҳсулоти туристӣ, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби ашхоси воқеӣ ё ҳуқуқӣ минбаъд («агентии туристӣ») амалӣ карда мешавад.

– Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон – номгўи объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ, ки дастоварди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

– саноати туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон – маҷмўи меҳмонхонаҳо ба дигар воситаҳои ҷойгиршавӣ, нақлиёт, муассисаҳои хўроки умумӣ, тамошо, шиносоӣ, хизматӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва воситаҳои таъиноти дигар, ки фаъолияти танзимгари туризм ва агентии туристиро  амалӣ месозанд.

– пешбурди маҳсулоти туристӣ – маҷмўи тадбирҳое, ки ба фурўши маҳсулоти туристӣ (реклама, иштирок дар намоишгоҳҳои махсусгардонидашуда, ярмаркаҳо, ташкили марказҳои иттилоотии туристӣ оид ба фурўши маҳсулоти туристӣ, нашри феҳристҳо, буклетҳо ва ѓайра) нигаронида шудаанд.

– захираҳои туристӣ –  маҷмўи захираҳои экологӣ, табиию иқлимӣ, фарҳангию таърихӣ ва солимгардонӣ ва захирахои дигари истироҳатию фароѓатӣ  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонеъ гардонидани маҷмўи талаботи гуногуни туристон  мувофиқ мебошад.

– квотаи туристӣ – маҳдудияти микдории ташриф ба объектҳои  туристию сайёҳӣ ё хатсайрҳо, ки ба таркиби захираҳои туристии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дохил буда, бо зарурати нигоҳдорӣ аз вайроншавӣ  ва дигар шартҳои  истифодаи он алоқаманд мебошанд.

– субъекти фаъолияти туристӣ-шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз он ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки хизматрасонии туристиро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  мекунанд.

– истироҳат–барқарорсозӣ ва инкишофи қувваи ҷисмонию маънавии инсон дар шароити табиӣ тавассути дамгирӣ, аз ҷумла туризм.

– роҳхати туристӣ – ҳуҷҷати инфиродии тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба гирифтани хизматрасониҳои туристӣ.

– шикори байналмилалӣ – яке аз намудҳои фаъолияти туристӣ, ки бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти туристии дорои иҷозатномаи дахлдор ташкил карда мешавад.

– хизматрасонии туристӣ- амалӣ гардидани фаъолияти танзимгари туристӣ ё агенти туристӣ аз рўи салоҳдиди худ ва ё талаботи аниқи дархосткунанда, ки барои таъмин ва барқароркунии қувваи ҷисмонии турист, нигоҳдории фаъолияти ҳаёти мўътадил, барқароркунии робитаҳои корӣ, инчунин қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва зеҳнии ў равона шудааст.

-таъмини амнияти туристон-таъмини амнияти шахсии туристон, ҳимояи молу мулки онҳо, маҷмўи тадбирҳо оид ба пешгирии истифодаи туризм бо мақсади муҳоҷирати ѓайриқонунӣ ва транзит ба давлатҳои сеюм, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва дигар намудҳои истисмори шаҳрвандон.

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” 18 июли соли 2017, №1450 қабул гардид. Қонуни мазкур аз 11 боб ва 65 модда иборат буда, он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии фаъолиятро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Боиси қаноатмандист, ки Қонуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ таҳия ва қабул гашта, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди сайёҳии дохилӣ равона шудааст.

Қонуни мазкур муфассал тамоми паҳлуҳо ва ҷанбаҳои сайёҳии дохилӣ ва рушди он, аз ҷумла сиёсати давлатӣ дар ин самт, низоми сайёҳии дохилӣ, салоҳиятҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дастгирии давлатии рушди сайёҳии дохилӣ ва ҳавасмандгардонии он, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар самтҳои рушди сайёҳии дохилиро дарбар мегирад.

Аҳамиятнокии Қонуни мазкур дар он аст, ки дар доираи он беш аз 30 навовариҳо ва механизмҳои муосири ба танзим дароварандаи муносибатҳо ва таҳкимбахши иқтисодиёт муқаррар гардидаанд, аз ҷумла: — ташаккулёбии низоми сайёҳии дохилӣ; — рушдёбии маданияти сайёҳии шаҳрвандон; — устуворгардии иқтидори амалии кишвар оид ба қабули сайёҳони хориҷӣ; — ташкилёбии инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ; — муқаррар гардидани намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва хизматрасониҳои муносиб; аз байн бурдани низоми иҷозатномадиҳӣ ба намуди фаъолияти сайёҳии дохилӣ, зимнан, ба роҳ мондани тарзи соддаи баҳисобгирии он; — ташаккулёбии намудҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии кишоварзӣ, сайёҳии хонаист, саёҳати нақлиётӣ; — фароҳам гардидани шароитҳои мусоид барои иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ; — ташкил гардидани намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра. Ҳамаи ин имкониятҳо дар навбати худ, ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар дар шароити ҷомеаи муосир боис гардида, дар ибтидо ба таъсис ёфтани даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва дар сурати татбиқёбии босамар ба ташкил гардидани захираҳои хеле зиёди шуғлмандии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

Натиҷаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”:

— маданияти сайёҳии мардум боло меравад;

— потенсиали минтақаҳои ҷумҳурӣ ва маълумотҳои мақомоти маҳаллӣ васеъ истифода бурда мешавад;

— низоми сайёҳии дохилӣ ташаккул меёбад;

— низоми соддаи бақайдгирии субъетҳои сайёҳӣ бо имкониятҳои аз байн бурдани иҷозатнома ташкил карда мешавад;

— низоми ҷалб ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи сайёҳӣ ташкил карда мешавад;

— низоми таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти волонтёрӣ дар соҳаи сайёҳӣ ташкил мегардад;

— низоми фаъолияти роҳбаладӣ, тарҷумонӣ, пешхизматӣ ва меҳмоннавозӣ равнақ меёбад;

-шаклҳои соҳибкорӣ васеъ мегардад.

Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019

Консепсияи рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 (минбаъд Консепсия) барои фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодӣ ҷиҳати ташаккули саноати муосири сайёҳӣ, равона гардидааст.

Татбиқи амалии вазифаҳои Консепсияи мазкур бо роҳи барномаҳои мақсадноки миёнамуҳлат амалӣ гашта, метавонад истифодаи бештар самарабахши захираҳои инсонӣ, табиию рекреатсионӣ, иттилоотӣ, моддӣ ва техникиро барои рушди минбаъдаи саноати сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

Дар шароити рушди туризми воридотӣ ва дохилии ҷумҳурӣ, ба иқтисодиёти кишварамон маблаѓҳои иловагӣ ворид гашта, бо назардошти омехта будани соҳа бо дигар бахшҳои иқтисодиёти миллӣ,  пеш аз  ҳама ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъсири мусбӣ ҳоҳанд расонд.

Омили муайянкунанда дар ҷараёни татбиқи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳдои 2009-2019 мавқеъи фаъол ва касбии роҳбарияти мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусие, ки фаъолияти онҳо ба масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ вобастагӣ дорад, ба ҳисоб меравад.

Мақоми ваколати давлатӣ дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои самараноки Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, тадбирҳои назаррасро баҳри пешрафти устувори соҳаисайёҳӣ ба сомон расонидааст.

Таҳлилҳои мутахассисони соҳа нишон медиҳад, ки дар давраи солҳои 2018-2019 соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид мешавад.

Тавре, ки маълум аст ба соҳаи сайёҳӣ соҳаҳои фарҳанг, нақлиёт, бехатарӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, тиҷоратӣ, меҳмоннавозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ алоқаи зич доранд.

Аз сӯи дигар, туризм ё сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳои алоҳида ба ҳисоб рафта, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар заминаи кушишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ, соҳаи сайёҳӣ низ дар 26 соли мустақилият ва соҳибихтиёрии хеш ба маротиб рушд ёфта, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун кишвари кашфношуда ва гўшае аз биҳишти рўи замин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.

Дар ин давра дар самти ташаккули заминаҳои меъёрӣ – ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти устувории соҳа 30 санади қонунгузорӣ, 25 адад созишнома ва ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ, 4 миллиону 574 ҳазор сомонӣ раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар заминаи барномаҳои миллӣ, эълони 5 адад ёдгории таърихиву фарҳангӣ ҳамчун, мероси  таърихиву фарҳангии Созмони умумиҷаҳонии Юнеско, пешниҳоди тартиби соддаи воридшавии сайёҳон ба шаҳрвандони 78 давлати дунё, тартиби бераводид бо 10 кишвари ҷаҳон, фаъолияти 30 намояндагии дипломатӣ дар хориҷи кишвар, 3 фурудгоҳи байналмилалӣ, 2 ширкати миллии ҳавопаймоӣ, 3 меҳмонхонаи бренди байналмилалии 5 ситорадор, 67 адад санаториву курортӣ, 158 адад меҳмонхона бо пешниҳоди 7000 рахти хоб, 3 маркази иттилотии сайёҳӣ, тартиби пешниҳоди раводиди электронӣ, аъзогии комилҳуқуқ дар Созмони умумҷаҳонии сайёҳӣ (соли 2007 ду маротиба ташрифи бевоситаи Дабири кулли созмон), фаъолияти 124 адад субъекти хоҷагидории соҳаи сайёҳӣ (ширкатҳои сайёҳӣ), таҷдиди базаи лижарониву сайёҳии Сафед – Дара ва бунёди Маркази байналмилалии сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ, баргузории Экспедитсияи байналмилалии куҳнавардӣ, Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим, омода гардидани мутахассисони соҳа дар зиёда аз 10 адад муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси мамлакат ва ташрифи нишондиҳандаи балантарини сайёҳон 414 ҳазор аз 100 давлати дунё ба кишвар, маҳз ба он равона гардидааст, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад.

Дар ин ҷараён дар асоси Консепсияи рушди соҳаи сайёҳӣ, Тоҷикистон бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро ба кишвар қабул намояд.

Хушбахтона бо эътироф аз талошҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари азизамон дар Осиёи Миёна оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ мавқеи мусбиро касб кард:

  • оҷонсии «ВВС» (Британияи Кабир соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард;
  • шабакаи иҷтимоии “Глоб Спотс” (“Globe Spots”) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ (дар соли 2014) ҷой додааст;
  • нашри русии маҷаллаи маъруфи “Нешнл Ҷеографик” (“National Geographic”) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намуд;
  • маҷаллаи Топ – 100 дар соли 2015, 3 минтақаи Тоҷикистон ва дар соли 2016 кўҳҳои Помирро ба руйхати мавзеъҳои ҷолиб дохил намуд;
  • пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар соли 2015 ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона эътироф гардид;
  • аз рўи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар соли 2016, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад;
  • дар рўйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) дар соли 2017 назарсанҷӣ гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Тибқи маълумоти Форуми мазкур, ҶумҳурииТоҷикистон аз 7 холиимконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз мавқеи 119-ум ба 107-ум боло рафт.

Таҳлили вазъи кунунии туризми воридотӣ ва дохилии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад, ки марҳила ба марҳила сатҳ ва сифати хизматрасониҳо беҳтар гашта истодааст.

Имрўзҳо, мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ  зиёда аз 100 иншооти сайёҳии дорои ҷанбаҳои санаторию курортӣ бо назардошти меҳмонхонаҳо амал менамоянд, ки ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Бояд тазаккур дод, ки мақсади асосии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ин ташкил намудани саноати сайёҳии фоидаовар ва рақобатпазир мебошад, ки ба талаботҳои замонавии хизматрасониҳои сайёҳӣ, таъминоти даромади маблаѓҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ дар соҳаҳои иктисодии ба сайёҳӣ марбута, ҷавобгар бошад.

Аҳамияти дигар ин аз тариқи ба роҳ мондани санъати меҳмонавозии сайёҳӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ бо бойтарин мероси фарҳангию таърихӣ ва тараққиёфта, муаррифӣ намояд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ баҳри амалӣ намудани Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, чораҳои амалӣ меандешад.

 Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017

Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 (минбаъд Барнома) стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи сайёҳӣ дар давраи миёнамўҳлат муайян менамояд.

Дар доираи Барнома аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми туризми воридотӣ ва дохилӣ амалигардонии тадбирҳо баҳри ташаккули саноати рақобатпазири сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

Вазифаҳои аввалиндараҷаи Барнома:

-таъсиси механизми самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии туризм;

-ташаккули стратегияи маркетингӣ оид ба таҳия ва рушди минбаъдаи маҳсулоти туристии миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва беруна;

-ташаккули имиҷи ҷолиби туристии кишвар;

-рушди ҳамкории байналмилалӣ;

-такмили омор.

Татбиқи самараноки Барнома ба баланд бардоштани ҷалбнокии маҳсулоти туристии миллӣ оварда расонда, барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои туристӣ мусоидат менамояд. Инчунин, барои таҳкими рақобатпазирии саноати туристӣ, ки метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти давлат мубаддал гардад, замина гузошта мешавад.

 Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бори нахуст таҳлили муфассали соҳа гузаронида шуда, Модели рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии зиёда аз 100 тавсия барои рушди соҳа таҳия карда шуд.

Дар заминаи тавсияҳо, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014 тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуд.

Нақшаи чорабинии мазкур аз 29 банд ва 55 чорабиниҳои фарогири аксари паҳлуҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ буда, аз маҷмуи чорабиниҳо 17-тои он пурра татбиқ шуда, 27 банд қисман ва 11 банди он дар ҷараёни амалишавӣ қарор доранд.

Дар натиҷаи татбиқи босамари бандҳои Нақшаи чорабиниҳои мазкур, ҷуѓрофияи сафари сайёҳон аз 59 давлат дар соли 2015 то 109 давлат дар соли 2016 афзоиш ёфт.

Шумораи сайёҳон аз 207 000 дар соли 2010 то 414 000 нафар дар соли 2016 ва шумораи ширкатҳои сайёҳӣ то 107 адад дар соли 2016 афзоиш ёфтанд.

Дар ҷумҳурӣ низоми электронии пешниҳоди раводид ҷорӣ гардида, имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи содда будани тартиби додани раводид дар раддабандии байналмилалӣ ҷои чорумро ишѓол намуд.

Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шўро барои таъмини ҳамкории байни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи соҳаи соҳаи туризм, меҳмонхонаҳо, савдо, хўроки умумӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шакли моликияташон, ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии туристӣ машѓул мебошанд, таъсис дода шудааст.

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 19 августи соли 2017, ҷаласаи нахустини Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ҷаласаро Раиси Шўро, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон -Азим Иброҳим оѓоз намуда, иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба фаъолият шурўъ намуд.

Ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”, Консепсияи рушди туризм, Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 ва дигар санадҳои муҳим қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуданд. Дар ин замина таъсиси Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм аз иқдомҳои навбатӣ ба шумор меравад.

Тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии мамлакат боз як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба соҳаи сайёҳӣ пешниҳод гардид, ки ба рушди соҳа такони нав хоҳад бахшид.

Дар маҷмуъ, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ мустаҳкам гардид.

Бо итминон қайд гардид, ки дар заминаи дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ марҳила ба марҳила ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисодиёти миллӣ мубаддал хоҳад гашт.

Имтиёзҳои андозиву гумрукӣ омили рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ

Бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ бо мақсади рушди сайёҳӣ амалӣ карда шуд, аз ҷумла:

-дар тӯли панҷ соли аввали фаъолияташон аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ;

— аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ;

— ба андозаи 50% коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав.

Вобаста ба ин кормандони бахши сайёҳии мамлакат аз ташаббуси Пешвои миллат вобаста ба пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба рушди сайёҳӣ хеле руҳбаланд гашта, баҳри рушди соҳаи сайёҳии кишвар заҳмати дучанд хоҳанд кашид.

Сентябрь 16, 2017 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Чин табодули таҷриба менамоянд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Дар Эрон Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус ҳамкориро густариш медиҳанд
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Пекин дар ҳамоиш доир ба масоили «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд