8 ОКТЯБР – РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ ВА СУД. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад

Октябрь 8, 2017 08:54

ДУШАНБЕ, 08.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи дуюми моҳи октябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони мақомоти суд ҷашн гирифта мешавад. Имсол ба таъсисёбии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 сол пур мешавад. Вобаста ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Бобокалон Муродзода, раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдулмонеъ Абдулғанизода, судяи Суди шаҳри Душанбе мусоҳиба баргузор намуд.

Зимни сӯҳбат бо А.Абдулғанизода, оид ба таърихи таъсисёбии судҳои мамлакат ва ташаккули минбаъдаи онҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»: Имсол аз таъсисёбии судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 сол пур мешавад. Бигӯед, ки то он замон, яъне то 14 октябри соли 1924 баҳсҳо миёни сокинон чӣ тавр баррасӣ мешуданд?

А.Абдулғанизода: Медонед, таърихи давлатдории тоҷикон ҳанӯз дар дунёи қадим, дар ҳазораи 1-и пеш мелод оғоз гардидаааст.    Аз ҷумла, дар тамаддуни Зардуштӣ мурофиаи хоси ҳалли баҳсҳо вуҷуд дошт, ки онро «Суди илоҳӣ» номида, китоби муқаддаси дини Зардуштӣ «Авесто» 33 тарз ва тартиби ошкор сохтану ҷазо додани қонунвайронкунандагонро маълум намудааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармёояд, ки дар давлатдории Сомониён адолати судӣ таввасути девони қозӣ амалӣ карда шуда, қозӣ аз ҷониби амир вобаста ба баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ ва шаръӣ таъин мегардид.

Пас аз ғалабаи Инқилоби  Октябр 2 сентябри соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухоро бо қарори худ судҳои қозигии то инқилобиро барҳам дода, таъсиси судҳои советии халқӣ ва судҳои қозигии халқиро эълон намуд ва  онҳо ба нозири адлияи Республикаи Халқии Советии Бухоро тобеъ карда шудаанд. 14 октябри соли 1924 Иҷлосияи дуюми КИМ Умумироссиягӣ қарори Кумитаи иҷроияи Марказии РАСС Туркистонро дар бораи тақсимоти миллӣ — давлатӣ тасдиқ намуда, яке аз аввалин судҳо — суди округи Бухорои шарқиро таъсис дод, ки таърихи таъсисиёбии судҳои Тоҷикистон аз ҳамин рӯз оғоз меёбад.

АМИТ «Ховар»: Минбаъд дар солҳои 30-и асри гузашта ташаккулёби судҳо дар Тоҷкистон чӣ тавр сурат гирифт?

А.Абдулғанизода: Тоҷикистон 16 октябри соли 1929 ҳамчун ҷумҳурии мустақил дар  ҳайати  Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ арзи ҳастӣ намуда, 26 октябри ҳамон сол бо қарори КИМ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки ҳайати он аз Раис, муовини раис, аъзои Суди Олӣ ва раисони шӯъбаҳо иборат буд. Таъин ва озод кардани Раису ҷонишин ва судяҳо бо пешниҳоди комиссариати халқии адлия аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказӣ амалӣ карда мешуд.  Сохтори судӣ асосан бо низоми дуҷузъаи суд — суди халқӣ ва Суди Олии Тоҷикистон муқаррар гардид ва Суди Олӣ нисбат ба суди халқӣ марҳилаи кассатсионӣ  маҳсуб меёфт.

Дар маҳалҳо судҳои халқии участкавӣ ташкил мешуданд.

Новобаста аз вазъи душвори сиёсии ҳамон солҳо Суди Олӣ  вазифаи назорат нисбати фаъолияти судҳои поёниро марбут ба қарорҳои қабулнамудаи судҳои поёнӣ ба зимма гирифта, дар таҳкими қонунияту адолати иҷтимоӣ саҳми босазо гузошт.

Бо мурури замон миқдори судҳо дар РСС Тоҷикистон афзуда, дар ҳар як шаҳру ноҳия суди алоҳида ташкил карда мешуд. 1 январи соли 1930 дар Республика 34 суди халқӣ вуҷуд дошт. Моҳи феврали соли 1930 суди вилоятии ВМКБ ташкил гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра сохтор, тартиби таъсис, салоҳият ва принсипҳои фаъолияти мақомоти судии республика дар заминаи сохти судии СССР ва республикаҳои иттифоқӣ ба тартиб дароварда мешуд.

АМИТ «Ховар»: Оё метавон гуфт, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мақомоти судҳо ба марҳалаи нави фаъолият ворид шуданд?          

А.Абдулғанизода: Бешак! Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба сохтору фаъолияти минбаъдаи судҳо ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон, ҷорӣ намудани тартибот, қонуният ва адолати иҷтимоӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 давлати сохибихтиёр эълон гардида, роҳ ба сӯи бунёди ҷомеаи нав гирифт. Аммо аз ҷониби неруҳои алоҳида ба гирдоби муноқишаҳои сиёсию иҷтимоӣ кашида шуда, нооромиҳо фазои  ҷумҳуриро печида, боиси номӯътадил гардонидани фаъолияти сиёсии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ гардид.

Новобаста аз чунин мушкилиҳо тамоми сайъу талоши худро Сардори ҷавону бохиради кишвари тозабунёди Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба тадриҷан мустаҳкаму устувор гардондани фаъолияти мақомотҳои давлатӣ равона карда, дар радифи дигар мақомотҳои давлатӣ мақомоти судӣ низ ҷиҳати таъмини адолати судӣ ва иҷтимоӣ дар шароити нав фаъолияташро ҷоннок намуд.

Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райъпурсии умумумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути мақомоти судӣ кафолат додааст. Ба ибораи дигар, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ вазифаи муқаддаси ҳокимияти судӣ маҳсуб меёбад.

Бо дарназардошти муҳим будани нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон Фармони Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

АМИТ «Ховар»: Оид ба раванди ислоҳоти мақомоти судии мамлакат маълумот медодед? Ин раванд кай оғоз шуд, дар кадом марҳала қарор дорад, кадом ҳадафҳо гузошта шуданд?

А.Абдулғанизода:  Давраи Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави таърихии ҳокимияти судии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он аз ислоҳоти конститутсионӣ маншаъ мегирад. Ҷиҳати такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар заминаи он бо Фармони Президенти мамлакат аз 14 декабри соли 1999 №48 мақоми коллегиалӣ — Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Пешниҳод намудани таклифҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, таъмини мустақилияти судҳо, интихоб ва пешниҳод намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, таъминоти молиявӣ, ташкилӣ, моддӣ — техникии судҳо ва дигарҳо масъалаҳо  ба зиммаи Шӯрои адлия вогузор карда шуд. Ҳокимияти судӣ комилан мустаъқил гардида, аз сохтори Вазорати адлия ҷудо карда шуд. Минбаъд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва малакаи дониши ҳуқуқии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 31 марти соли 2003 Маркази таълимии судяҳоро дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дод.

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат  моҳи июни соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ, ба монанди коллегияҳои  маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз — судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас дорад. Дар идомаи он моҳи январи соли 2011 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013» тасдиқ гардид.

Дар доираи ҳар ду барномаи давлатӣ тадбирҳои амалӣ ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо анҷом дода шуданд.

Мукаммал гардидани қонунгузории мурофиавӣ, ҷихати ба танзим даровардани сарбории судяҳо ҷудо гардидани воҳидҳои иловагии мансаби судягӣ ва кормандони дастгоҳи судҳо, марҳила ба марҳила баланд бардоштани музди маоши вазифавии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, қабули Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Конунҳои конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шабакаи интернет ташкили сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ ва дигар тадбирҳо ба ин марҳила рост меоянд.

АМИТ «Ховар»: Моҳи майи соли 2016 дар ҷумҳурӣ райъпурсии умумихалқӣ баргузор шуд ва дар заминаи он Шӯрои адлия дар Тоҷикистон барҳам дода шуд…

А.Абдулғанизода: Бале, дуруст гуфтед. Дар идомаи барномаи ислоҳоти мақомоти судӣ, ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла, бо мақсади дар як мақомот итоат кунонидани судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Ваколатҳои Шӯрои адлия қисман ба Суди Олӣ ва қисман ба Суди олии иқтисодӣ вогузор карда шуд.

Минбаъд  интихоб ва пешниҳод намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, таъмини мустақилияти судҳо, таъминоти молиявӣ, ташкилӣ, моддӣ — техникии судҳо ва дигарҳо ба салоҳияти Суди Олӣ вогузор карда шуданд, ки бешубҳа барои мустақилияти судҳо мусоидат мекунад. Бояд гуфт, айни ҳол раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад.

 Оид ба салоҳияти судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» бо раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бобокалон Муродзода дар мавриди салоҳияти судҳо.

АМИТ «Ховар»: Мувофиқи моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ба салоҳияти судҳо кадом масъалаҳо дохил мешаванд? Кадом мақомот дар Тоҷикистон ҳуқуқ дорад шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор донад?

Б.Мирзозода: Танҳо суд ҳуқуқ дорад шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо таън кунад. Ҳамчунин ба салоҳияти судҳо баррасӣ намудани масоили зерин медарояд:

— таиън кардани чораҳои дорои хусусияти тарбиявӣ дошта нисбат ба ноболиғ;

— таиън кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбат ба шахс;

— барои шахсро ба ҳабс гирифтан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан иҷозат диҳад ва ё муҳлати онро дароз кунад;

— санадҳои қабулкардаи  судҳои марҳалаи поёниро бекор кунад ва ё тағйир диҳад;

— оид ба гузаронидани экпертизаи судӣ-тиббӣ ё судӣ-равонпизишкӣ барои дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизшкӣ ҷой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки дар ҳабс намебошад, иҷозат медиҳад;

— барои азназаргузаронии манзил, дар сурати розӣ набудани шахсони маскуни он иҷозат медиҳад,

— барои кофтукоб, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисоби маблағи бонкӣ иҷозат медиҳад;

— барои ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташклотҳои кредитӣ қарор доранд иҷозат медиҳанд;

— ба ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо дар муассисаи алоқа иҷозат медиҳад;

— дар бораи муваққатан аз вазифа дурр кардани айбдоршаванда қарор қабул мекунад;

— ба гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо иҷозат медиҳад

АМИТ «Ховар»: Қаблан баъзе аз салоҳиятҳои судҳо ба зиммаи прокуратура гузошта шуда буданд…

Б.Муродзода: Бале. Моҳи декабри соли 2009 Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз меъёрҳои Конститутсия сарчашма гирифта, аз моҳи апрели соли 2010 мавриди амал қарор дорад. Бояд гуфт, дар кодекси мазкур салоҳияти суд васеъ карда шуда, акнун ҳамагуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқҳои шахс ҳангоми пеш бурдани парвандаи ҷиноятӣ бо иҷозати суд амалӣ карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Ҳадафи ин тағйирот аз чӣ иборат аст?

Б.Муродзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи суди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додаст. Дар баробари ҳамин ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз баррасӣ намояд. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Яъне ҳадаф аз ин ислоҳот таъмини мустақилияти судҳо ва адолати иҷтимоӣ мебошад.

Акрам САНГЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Октябрь 8, 2017 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд