Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 60 нафар ихтиёриён ба хизмати Ватан сафарбар шуданд

Октябрь 7, 2017 09:51

КӮЛОБ,  07.10.2017  /АМИТ  «Ховар»/ Ҳамасола аз моҳи октябр  дар саросари шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи даъвати тирамоҳи ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб беш аз 60 нафар ихтиёриён барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон ҳозир гардида, аз ташхиси тибби гузаштанд. Дар майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр ҷамъомад доир гардид, ки дар он раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмонон ҷавононро барои шомил шудан ба сафи Артиши Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Зикр карда шуд, ки хизмати Модар- Ватан барои ҳар як ҷавонмард қарз аст. Дар маросим муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр дар назди меҳмонону навдаъватшудагон дар васфи Ватан -Модар ва Тоҷикистон шеърҳо қироат карданд.

 

 

Октябрь 7, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид