Корҳои навсозӣ ва таҷдиди Боғи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд

Октябрь 24, 2017 14:55

ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулину фаъолони пойтахт, ки  15 феврали соли 2017 доир гардида буд,  корҳои навсозӣ ва ободонии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт идома доранд.

Мо бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои навсозӣ ба  боғи «Дӯстии халқҳо»  омадем. Дар чорбоғ корҳои  навсозӣ ва ободонӣ  босуръат идома доштанд. Намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  дар минтақаҳои сохтмонии  ба онҳо вобасташуда  ба шинондани майсазор, гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ  ва дигар корҳои ободонию бунёдкорӣ  машғул буданд.

Зимни боздид аз боғи «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабарнигори АМИТ «Ховар» бо масъулини он   ҳамсуҳбат гардид. Директори боғи мазкур Суҳроб Холмуродов зикр кард, ки  тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 феврали соли 2017 навсозӣ ва таҷдиди  боғи мазкур  дар масоҳати 24 гектар ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вогузор гардида, ҳар як минтақаи сохтмонии он  ба шаҳру ноҳияҳои алоҳида вобаста карда шудааст.

DSC_0508«Боғи «Дӯстии халқҳо» яке аз марказҳои калони фарҳангӣ-фароғатии шаҳр маҳсуб шуда, лоиҳакашон ва масъулини корҳои бунёдкорӣ  бо назардошти ҷойгиршавии маҳалли иншоот ва шумораи аҳолӣ  лоиҳаи навсозӣ ва ободкории  чорбоғро   тарҳрезӣ намудаанд.  Бояд гуфт, ки  тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ масъулин зимни навсозиии боғ, хусусан  роҳравҳои замонавӣ  аз масолеҳи сохтмонии ба гармову сармо тобовар истифода бурда, ба чароғонкунии дохил ва атрофи боғ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд»,- гуфт Суҳроб Холмуродов.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки кормандони  Боғи «Дӯстии халқҳо» низ дар қатори сохтмончиён ба корҳои ободонии боғ машғул буда,  талош доранд хизматрасониро дар боғ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда, истироҳати бофароғати сокинон ва меҳмонони пойтахтро дар ин макони фарҳангӣ  таъмин намоянд. Бо ҳамин мақсад  дар  боғ бунёди чойхонаву тарабхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ бо усули  меъмории ба  миллати мо хос ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ  дар назар дошта шуда, аллакай  чандин арғунчаку аттраксионҳои замонавии  барои бачаҳо шавқовар  насб гардидаанд.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Маҳмадрасул Раҷабзода  изҳор дошт, ки  корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар Боғи «Дӯстии халқҳо»  аз 2 марти соли 2017  оғоз гардида, намояндагони 21 шаҳру ноҳияҳои вилоят  то имрӯз масоҳати онро  пурра ҳамвор намуда, аз дохили он 4000 м3  партовҳоро  бароварданд.

Роҳравҳои марказию   дохилии боғ дар масоҳати  41000 м2 бо тахтасангҳои ороишӣ рӯпӯш  ва 18 гектар заминҳои боғ майсазору  сабзазор карда шудаанд.

DSC_0490«Барои бо об таъмин намудани майсазорҳои ҳудуди боғ 3500 адад обпошакҳо, инчунин дар дохили боғ 86 адад ҷойҳои нишаст ва 44 адад қуттиҳои партов васлу насб  карда шудаанд. Барои ободу зебо гардонидани ҳудуди боғ зиёда аз 95 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва ороишӣ шинонида шуда, гулшинонӣ дар ҳудудҳои вобасташуда идома дорад. Алҳол корҳои равшаннамоии боғ оғоз гардида,  дар ду суҳбатҷой  низ  васлу насби тахтаҳои кандакорӣ ҷараён доранд»,- афзуд М.Раҷабзода.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки алҳол  Муассисаи худтаъминкунии назди Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон тахтасангҳои ороишии корношоямро  иваз намуда истодаанд.

Дар  боғ ду даромадгоҳ бунёд гардида истодааст. Дар ҳар ду даромадгоҳ- ҳам дар қисми шимолӣ ва ҳам дар ҷанубӣ  сутунҳо ба баландии 4,8 метр бардошта шуда, дар онҳо корҳои пардозӣ ҷараён доранд.

Дар боғ  ҳамчунин бо муовини раиси ноҳияи Ховалинг Валӣ Табаров ва муовини раиси  шаҳри Кӯлоб Пӯлод Ҳафизов, ки бо коргаронашон дар минтақаҳои вобасташуда машғули кор буданд, ҳамсуҳбат гардидем. Номбурдагон зикр карданд, ки   корҳои ободонии ба онҳо вобасташуда дар арафаи  анҷомёбӣ қарор доранд.

Хотиррасон менамоем, ки  дар пойтахт  навсозии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ  низ  дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Лоиҳаи навсозии боғи мазкур аз ҷониби  ҶДММ «Суғдшаҳрофар» ва сохтмончиёни 5 ширкати вилояти Суғд амалӣ мешавад.

Тибқи тарҳи нав дар боғи ба номи Айнӣ иншооти ҷадид,  аз қабили даромадгоҳ, истгоҳи нақлиётӣ, амфитеатр, бинои маъмурӣ, таҷдиди ҳайкалҳои Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, ду шипанг ба андозаи 12 бар 12 метр ва дигар иншооти фарҳангиву фароғатӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар самти бунёди амфитеатр пешниҳод гардид, ки тарҳи он бояд аз амфитеатрҳои дигари шаҳр ба куллӣ фарқ дошта бошад ва барои 1200 ҷойи нишаст тарҳрезӣ шавад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозӣ ва таҷдиди боғҳо ва боздиди маҳалли сохтмон  аввали моҳи апрели соли 2017  Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  таваҷҷуҳи сохтмончиёнро ба анҷоми корҳои босифат, истифодаи  масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, бунёди роҳраву гулгаштҳои замонавӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосири рӯшноидиҳанда ҷалб  намуданд.

Бовар дорем, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғҳои фарҳангию фароғатӣ  онҳо ба макони дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе табдил  меёбанд.

Рухсораи НУР

Октябрь 24, 2017 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд