Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аз вилояти Суғд боздид анҷом дод
ДУШАНБЕ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш гурӯҳи кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раҷабмо Ҳабибуллозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд қарор доштанд.
Тавре аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафари хизматии мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи вилоят, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, мониторинги фаъолияти чанде аз муассисаҳои будубоши доимии кӯдакон, инчунин таҳким бахшидани ҳамкории мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд бо мақомоти Ваколатдор анҷом дода шуд.
Зимни мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо раиси ноҳия аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон анҷом дода шуд.
Ҳамчунин вохӯрии гурӯҳи корӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, масъулини ниҳодҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, рӯзноманигорон ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор шуд.
Дар вохӯриҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор ва салоҳияту вазифаҳои ин ниҳод маълумот пешниҳод намуданд. Сипас иштирокчиёни вохӯриҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи маҳал ибрози назар намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






