Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Хабари заминларзаҳо