Ҳайати босалоҳияти Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар Франсия иштирок дорад

Ноябрь 2, 2017 17:33

ДУШАНБЕ, 2.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати босалоҳияти ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва котиби  масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Мавҷуда Нурова дар кори ҷаласаи 39-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия иштирок доранд.  Онҳо баробари иштирок дар кори сессия, ҳамчунин якчанд лоиҳаҳои навро барои қабул кардан ба рӯйхати осори нодири таърихии ЮНЕСКО ҳамроҳи худ бурданд.

Дар ин созмони бонуфуз лоиҳаи ҷашни Меҳргон ҳамчун мероси фарҳангии  ғайримоддии халқи тоҷик ба қайд гирифта шуд ва он соли 2019 мавриди баррасӣ ва қабул қарор мегирад. Ҳамчунин бо такмил ва иловаҳо лоиҳаи Қалъаи Ҳулбук аз нав дар Созмони ЮНЕСКО ҳамчун осори моддии ҷаҳонӣ  ба қайд гирифта шуд.

Сипас, номаи миннатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Ирина Бокова, Директори иҷроияи ЮНЕСКО дар дафтари корияш аз ҷониби ҳайати расмии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар сипосномаи Сарвари давлат  хидмати шоистаи Ирина Бокова дар пешрафти кори ЮНЕСКО,  ҳамкории судманди ин созмони бонуфуз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, технологияи иттилоотӣ ва масъалаҳои алоқаманд ба об қайд гардидааст. Инчунин изҳори сипос гардидааст, ки дар давраи роҳбарии И. Бокова лоиҳаҳои кишвари мо, аз ҷумла, Саразм, Боғи миллӣ ва ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси моддӣ ва ғайримоддии   халқи тоҷик ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамчунин номаи табрикотӣ ба роҳбари нави ин созмони бонуфуз Одри Азулай, ки аз ҷониби Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба имзо расидааст, 14 ноябр аз ҷониби Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия Ҳомидҷон Назаров ва котиби масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои  ЮНЕСКО  Мавҷуда Нурова супорида мешавад.

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, дастовардҳои кишварро дар давоми солҳои охир дар самти рушди илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мақоми фаъол доштани кишвар дар масъалаи об дар ҷаҳон махсус зикр намуда, нақши Президенти кишварро дар пешбурди ин соҳаҳо ва ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба об муҳим арзёбӣ намуд.

Кори Конференсияи генералӣ то 15 ноябри соли равон идома меёбад.

Ноябрь 2, 2017 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад