ПАРЧАМ – РАМЗИ ХУДШИНОСӢ ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Чанд ёддошт дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон ва парчами давлатҳои дигар…

Ноябрь 24, 2017 10:56

ДУШАНБЕ, 24.11.2017./АМИТ «Ховар»/. 24 ноябри соли 1992  дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармонҳоро «Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома оид ба Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома оид ба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Баъд аз 18 сол, 24 ноябри соли 2010 дар маркази шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони  пояи боҳашамати  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. 30 августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат маросими бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи  ин пояи  165-метра, ки дар ҷаҳон баландтарин буда, ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст,  баргузор шуд.  

Инак, чанд ёддошти дигари  шореҳони АМИТ «Ховар» дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон ва парчамҳои давлатҳои дигар:

Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон

Яке аз рамзҳо ва нишонаҳои асосии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории тоҷикон ин Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст. 25 сол боз ин ҷониб мардуми шарафманди кишвари маҳбубамон зери партавафшонию ҷилваи Парчами давлатӣ- яке аз муҳимтарин муқаддасоти миллию давлатӣ кору зиндагонӣ доранд.

«Парчам» вожаи суғдӣ буда, дар гузашта маънои зулфу кокул ва пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови куҳиро, ки ба нӯги дирафш ё найза мебастанд, ифода менамуд. Вожаи мазкур бо мурури замон аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва пасон ба забони форсӣ гузашта, ҳамчун «дирафш» шуҳратёр шуд. Бори аввал вожаи «дирафш» дар замони давлатдории ориёиҳо дар қадимтарин осори адабиёти тоҷику форс, китоби муқаддаси халқҳои эронинажоди қадим «Авасто» зикр шудааст.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, дар амалиёти ҳарбии байни юнониҳову форсҳо (асри 5-и то милод) парчам ҳамчун рамзи иттиҳоду давлатдорӣ  арзёбӣ гардидааст.

Мафҳуми «Дирафши ковиёнӣ» ҳамчун рамзи парчам ва тимсоли давлатдории ниёгонамон бо номи «Ахтари Ковиёнӣ» низ ёдовар мешавад. Парчам ифодагари иттиҳоду муттаҳидии халқу миллатҳо, дар тули ин солҳо халқу миллатҳоро ба ҳам қарину дӯст ва ҳамдилу ҳамроз кардааст.

Таърихи парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. «Дирафши Ковиёнӣ» ва ё «Ахтари Ковиёнӣ» агар ҳамчун нахустин рамзу тимсоли давлатдории ниёгонамон дар давоми ин ҳазорсолаҳо дар шаклҳои гуногун рамзофарӣ карда бошад, пас дар давоми танҳо сад соли охир (аз соли 1920 ин ҷониб) гузаштагонамон бо сабабҳои маълуми сиёсию таърихӣ давлатдорию иттиҳоди худро зери парафшонии 11 парчами бо тарҳу шаклҳои гуногун, вале рамзу асолати миллию давлатдоридошта, таҷассум намудаанд.

Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст.

…ва дар бораи парчами давлатҳои дигар  

 Агар дар парчам моҳи нав тасвир шуда бошад, дини давлатии он кишвар исломӣ аст, амсоли Миср, Тунис, Малайзия, Мавритания, Туркия, Сингапур ва ғайраҳо.

 ***

 Вақте соли 1945 Индонезия баъди истиқлолият парчами сурху сафеди худро қабул кард, мулки Монако, ки ҳамин гуна парчам дошт, эътироз намуд, аммо парчами Индонезия таърихи қадимтар дошт.

***

 Парчамҳои Парагвай ва Молдавия вижагие доранд: пушти онҳо ба рӯяшон монанд нест.

***

  Дар Олмон ҳама гуна намуди таҳқири парчам манъ аст (ҷазо то 3 соли маҳбусӣ).

***

 Парчами Ливия ба ғайр аз ранги сабз тасвире ё ҳарфе надорад.

***

 Санаи 27 апрели соли 2008 дар наздикии Байтулмуқаддас исроилиҳо парчаме (100:200м) паҳн карданд, ки 5200 кг вазн дошт.

***

 Бузургтарин парчами олимпиро (75:105м) соли 1992 дар Барселона варзишгарон дар варзишгоҳ болои сар афрохтанд, ки он 800 кг вазн дошт.

***

 Дар қутби Шимолӣ аввалин бор парчамро 6 апрели соли 1909 Роберт Пирӣ афрохтааст. Дар қутби Ҷанубӣ аввалин бор Руал Амундсен 14 декабри соли 1911 парчам афрохтааст.

 

Ноябрь 24, 2017 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Масъалаи касбомӯзии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Тоҷикистон қарор дорад
ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ. Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад
Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои сераҳолии Тоҷикистон марказҳои касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малака таъсис дода мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад»
Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ баррасӣ шуд
Дар панҷ соли оянда дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд