Имрӯз-Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатон: паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад

Декабрь 19, 2017 14:59

«Мо мақсад дорем, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем».

                     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ва ё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда сафарбар намуда истодааст. Ба хотири кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон аз соли 1995 бо қарори Созмони Милали Мутаҳид  ҳамасола   19 декабр  Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатон ҷашн гирифта мешавад.

Ба иттилои коршиносони байналмилалӣ, дар охири асри 20 беш аз чоряк ҳиссаи аҳолии ҷаҳон, яъне якуним миллиард одамон ба камбизоатӣ  гирифтор  шудаанд. Тадқиқоти гузаронида нишон медиҳанд, ки аз соли  1999 то 2007 дар ҷаҳон аз камбизоатӣ беш аз 300 миллион нафар вафот кардаанд.  Ба ин хотир СММ баҳри кам гардонидани ин мушкилот   якчанд барномаҳоро қабул карда, корҳои назаррасеро дар ин самт анҷом додааст.

Бояд хотир нишон намуд, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми тоҷик даврони басо мушкили зиндагӣ ва барои давлат даврони сангини идораи давлатдорию рушди иқтисодӣ ба шумор мерафт. Хушбахтона, бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мушкилот пайи ҳам роҳҳои ҳалли худро ёфтанд. Баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ орзую армон,   рушди иқтисодии кишвар ва шароити хуби зиндагӣ барои халқи тоҷик таъмин гардид.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Набиҷон Ҷӯраев иброз дошт,  «шурӯъ аз соли 2001 ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои  таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, кумакпулӣ ва аз соли 2004 барои истифодаи қувваи барқу гази табиии онҳо ҷубронпулӣ таъйин ва пардохт карда мешаванд. Айни замон дар 40 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бар ивази ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба оилаҳои мазкур кумакҳои унвонию иҷтимоӣ ҷорӣ карда шуда, дар назар аст, ки  соли оянда ин низом дар қаламрави ҷумҳурӣ пурра амалӣ карда шавад».

Ба гуфти мусоҳиб, «таҳлили ҳисоботи пешакӣ нишон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ айни замон ба ҳолати имрӯза  ба 114 ҳазору 903 нафар хонандагони оилаҳои ниёзманд ба маблағи 2 миллиону 821 ҳазору 624 сомонӣ ва ба 77 ҳазору 868 оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи зиёда аз 20 миллион  сомонӣ ҷубронпулӣ  таъйин ва пардохт карда шудааст».

Лозим ба ёдоварист, ки танҳо  дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд. Музди миёнаи меҳнат дар  20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Инчунин барои бо шуғл таъмин кардан ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум зиёда аз як миллион ҷойи кор таъсис дода шуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Боиси таъкид аст, ки тамоми самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии имрӯзаи Ҳукумат ба таъмини амнияти миллӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, густариши муносибатҳои дипломатӣ бо кулли кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона шудааст.

 Ибодат ДАВЛАТОВА

Декабрь 19, 2017 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд