«Симо» тавонист беҳтарин эҷодкорони кишварро ба ҳам биёрад- бардошт аз маросими ҷоизасупории аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 06.12.2017/АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷоизасупории аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «Симо», ки дар доираи Соли ҷавонон аз тарафи Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» эълон гардида буд, шоми дирӯз дар «Кохи Наврӯз» баргузор гардид.
Мақсади баргузор намудани Фестивал, пеш аз ҳама, муаррифии эҷодкорони касбӣ ва ба ин васила тарбия намудани мутахассисони ҷавони соҳа арзёбӣ гардида, нишон додани тафаккури эҷодии ҷомеаи Тоҷикистон, саҳми ҷавонон дар ислоҳоти соҳаҳои гуногун, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардани рӯҳияи ташаббускорӣ аз ҳадафҳои дигари Фестивал мебошад.
Дар Фестивал намояндагони студияҳои филмсозӣ, телевизионҳо ва эҷодкорони мустақил иштирок карда, беш аз 50 филми ҳуҷҷатӣ ва барномаҳои телевизонии ба ин жанр наздикро пешниҳод намуданд. Аз ин шумора ҳайати ҳакамони Фестивал 40 номгӯи онро мавриди таҳлил қарор дода, 8 филмро сазовори ҷоиза донист.
Ҳамчунин дар баробари ҷоизаҳои беҳтарини Фестивал, ба коргардону муаллифони филмҳои мустанади телевизионӣ «Дипломи махсуси Фестивал» ва «Барои хизмати шоиста дар рушди синамо» тақдим гардид.
Коргардони таҷрибадор Ҳалим Сангин иброз намуд, ки «саҳнаи ҳунару санъат ва синамои моро бе филми мустанад тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин баргузор кардани чунин фестивалҳо миёни филмофарон рақобати солимро ба вуҷуд меорад».
Бояд зикр намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳияи филмҳои мустанад ба маҷрои муайян даромада, дар сатҳи сифатан нав густариш ёфт. Имрӯз филмҳои мустанад тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи моро фарогиранд ва ҳамасола аз ҷониби студияҳои филмсозӣ ва шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон даҳҳо филмҳои мустанад таҳия мешаванд, ки тарғибгари бунёдкориҳои азим, таъриху тамаддуни оламшумул, фаъолияти шахсиятҳои маъруфи кишвар ва санъату фарҳанги волои миллатамон мебошанд.










«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






