Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорони инфродиро боз ҳам густариш медиҳад
ХОРУҒ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии Помир даҳ сол пеш таъсис ёфта, соли аввал 20 нафар ҳунармандони ҷавонро гирди ҳам овард. Бо кумаки ҳунармандони солхӯрдаву соҳибтаҷриба ба ҷавонон тарзи дӯхтани либосҳои миллӣ, бофтани ҷӯробу дастпӯшакҳои пашмин, мӯҳраҳо аз сангҳои нимқиматбаҳо, омода кардани намад аз пашми гӯсфандро ёд доданд. Ба гуфти раиси Ассотсиатсияи мазкур Асадшо Фаросатшоев, «ҳоло теъдоди ин ҳунармандон ба беш аз 200 нафар расидааст. Инро ба инобат гирифта, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Хоруғ барои Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ бинои чорошёна бунёд карданд. Ба ин восита, ҳам мутахассисони ширкатҳои сайёҳӣ соҳиби утоқҳои корӣ гардиданд ва ҳам барои фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон дӯконҳо боз карда шуданд. Ҳоло бештари сайёҳоне, ки ба вилоят сафар мекунанд, барои пайдо кардани маълумоти иловагӣ дар бораи таъриху фарҳанги ин гӯшаи зебоманзари мамлакат ба маркази мо муроҷиат мекунанд. Ҳангоми рафтан ҳатман аз маҳсулоти ҳунармандон чизеро барои хотира харид мекунанд».
Асадшо Фаросатшоев гуфт, ки «дар замони Шӯравӣ ҳунарҳои мардумӣ қариб аз байн рафта буданд. Мардум бештар майл ба либосу ороишоти мардуми ғарб оварданд. Хушбахтона, ин иштибоҳи бузурги таърихию фарҳангӣ баъди ба даст омадани истиқлолият ислоҳ карда шуд ва сокинони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дуюмбора ба фарҳанги ниёгони худ рӯ оварданд. Дар баробари эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ҷавонони имрӯза боз онро такмил дода, ба замони муосир мутобиқ месозанд. Аммо нақшу нигори аслии онро тағйир намедиҳанд. Зеро дар сурати тағйир додани нақшу нигор ин маҳсулот рамзҳои нуҳуфта, моҳият ва маъниҳои фалсафии худро гум мекунанд. Барои мисол, ба бофтани ҷӯробҳои помирӣ ниёгони мо ҳанӯз аз асри дувоздаҳ оғоз карданд ва ҳамин тавр онро аз насл ба насли дигар ба мерос мегузоштанд. Ҷӯробҳоро аз пашми гӯсфанд мебофтанд. Аз ин рӯ ба парвариши гӯсфандон нисбат ба дигар ҳайвоноти хонагӣ аҳамияти бештар медоданд. Барояшон ғизои хубтар омода мекарданд ва ҳар сари чанд вақт пашмашонро мешустанд, то ҳар навъ ҳашароти зараррасон ба онҳо осеб нарасонад. Дар як хонаводаи бадахшонӣ ҳатман як ҷуфт ҷӯробро нигоҳ медоранд, то ба меҳмони азизи худ туҳфа кунанд. Барои арӯсон ҷӯроб яке аз ҷузъҳои асосии ҷиҳоз ба шумор меравад. Зеро вақти гусели домод аз хонаи арӯс ба китфи дӯстони домод ҷӯроб мегузоранд. Ин як одати ҳатмӣ аст, ки риояи он барои арӯс ва волидонаш шарт аст».
Ҳамчунин Асадшо Фаросатшоев гуфт, ки онҳо ҳамкории худро ба хотири ҳифз ва такмил додани ҳунарҳои мардумӣ бо ҳунармандони ҷавон идома медиҳанд ва саъю талош мекунанд, ки барояшон ҳар сари чанд вақт давраҳои омӯзишӣ баргузор кунанд.










Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст






