ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 13 декабр, чоршанбе, 347-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 18 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 13, 2017 08:12

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 13 декабри соли 2001 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон санади  «Аввалин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон» оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳиндустону Тоҷикистон дар самтҳои савдо, энергетика, илму техника ба имзо расид.

***

13 сол пеш аз ин, 13 декабри соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон          фармон ба имзо расониданд, ки мувофиқи он 27 феврали соли 2005 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

13 декабри соли 2014 дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

13 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Малта – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

 13 декабри соли 2011 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи  Абулқосим Лоҳутӣ консерти ансамбли фолклории «Яр» ва гурӯҳи рақсии «La Nati Flamenco»-и Федератсияи Россия баргузор гардид.

***

13 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Муосиртарин ҷанбаи  назорати тадбирҳои пешгирии бемории ишемияи дил дар Ҷумҳурии Точикистон» конфронси илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

***

4 сол пеш, 13 декабри соли 2013 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва  ҷамоати шаҳрвандӣ дар Осияи Марказӣ» конфронс баргузор гардид.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1959 СММ қарор қабул намуд, ки дар ҳалли масъалаҳои Алҷазоир ҳамроҳ намешавад.

***

13 декабри соли 1982 бар асари заминларза дар Яман зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

36 сол муқаддам, 13 декабри соли 1981 дар Полша вазъияти ҳарбӣ эълон карда шуд (22 июли соли 1983 бекор гардид).

***

13 декабри соли 1989 Ҳизби Либерал-демократии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2010  дар шаҳри Брюссел ҷаласаи якуми Шӯро оид ба ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Декабрь 13, 2017 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш