«ЗЕБОӢ – НАҶОТБАХШИ ҲАЁТ». Ба Соли ҷавонон бахшида мешавад

Декабрь 4, 2017 17:09

ДУШАНБЕ, 4.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Зебоӣ – наҷотбахши ҳаёт»- таҳти чунин унвон дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии  «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он зиёда аз 50 адад офаридаҳо ба намоиш гузошта шуданд. Бояд гуфт, ки намоиши мазкур ба ифтихори Соли ҷавонон ташкил карда шуд.

Дар намоиш мусаввараҳои рассомон, аз қабили манзараҳо, натюрмортҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ, корҳои ороишӣ– амалии устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Сабзалӣ Шарипов, Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор  Исуфҷон Сангов, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакаров, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зиёратшо Довудов, муовини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Каримҷон Наҷмиддинов, рассом – кулолгар Бахтиёр Одинаев, рассом –мусаввир Наргис Ҳамидова, рассомони ҷавони умедбахш Беҳрӯз Забиров, Равшан Рӯзибоев, Эраҷ Олимов, Фируза Ҳамитова, Лайло Қурбонова, Меҳриддини Абдусаид ва Саодат Боронова, инчунин наққошиҳои (кундали) Маҳмадкарим Рақибов, асарҳои кандакории Саид Маҳмудов ва Азиз Гадоев, маҳсулоти заргарии усто Абдураҳмон Назирматов ба тамошобинон пешкаш шуданд. Дар баробари устодони варзида маҳсули дастони донишҷӯён, чун мусаввараҳо, кандакорӣ, наққошӣ, гобелен (бофандагӣ) ва лоиҳаҳои дизайнерӣ пешниҳод гардиданд.

Намоиши мазкур бо иштироки муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» баргузор гардид.

Рассоми халқии Тоҷикистон Исуфҷон Сангов ба Осорхонаи мазкур 8 асари санъати тасвирӣ­ ва китоби феҳристи корҳои эҷодии худро тақдим намуд.

Дар фарҷом  барои меҳмонон намоиши тамсилаҳои либос, ки аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси «Дизайни костюм» тарҳрезӣ ва дӯхта шудаанд, пешниҳод гардид (мудири кафедра – тарроҳи шинохта Маргарита Сотникова).

Инчунин аъзои ҳайат ҳангоми бозгашт аз  ёдгории таърихии асрҳои IX-XI Ҳулбук дидан карданд.

Мавриди зикр аст, ки намоиши мазкур то 9 декабр идома меёбад.

Дар зер гузориши мусаввари суратгири АМИТ «Ховар» Тоҳир Саидзодаро аз ин намоиш пешниҳод менамоем.

Декабрь 4, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд