Доираҳои соҳибкории Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Шанхай иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратии назди Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюн Ян дар Душанбе баррасӣ гардиданд
Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии молҳои тавлидотии Чин, ки моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе доир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Шариф Саид зикр кард, ки Тоҷикистон ба иштироки сохторҳои тиҷоратии Чин дар лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии ҷумҳурӣ манфиатдор аст. «Мо бояд ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро беш аз пеш, хусусан дар бахшҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди металлҳои қиматбаҳо, нафт, металлургия, мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, фармасевтика, технологияҳои иттилоотӣ ва кишоварзӣ таҳким бахшем»,-иброз намуд Ш. Саид.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон дорои беш аз 470 лоиҳаи сармоягузорӣ буда, дар ин росто мо омодаем, ки сармоягузорони чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмон, бахши бонкдорӣ, саноати дорусозӣ, маориф ва туризм иштироки фаъол дошта бошанд.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи марбут ба баргузории Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Шанхайи Чин доир мегардад, баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки иштироки доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур имконияти фарохро ҷиҳати муаррифии маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон, бахусус баланд бардоштани иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад.
Шариф Саид Сюн Янро бовар кунонд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар доираи ваколати худ кӯшиш менамояд, ки доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ дар Шанхай иштироки фаъол намоянд, зеро он дар татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва ивазкунандаи воридот барои солҳои 2016-2020» мусоидат менамояд.








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






