Эмомалӣ Раҳмон: «Кодекси нави автомобилии ҷумҳуриро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва созишномаҳо таҳия бояд кард»
ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъкид карданд, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат муайян шудааст. Дар ин росто, Пешвои миллат зикр намуданд, ки рушди соҳа, ҳамчунин дар ҷодаи баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, тақвият бахшидан ба неруи содиротии мамлакат, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми басо арзишманд гузошта метавонад. Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ва стратегияву барномаҳои рушди нақлиёт аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд имкон пайдо шуд, ки дар давраи начандон тӯлонии истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шавад. Дар натиҷа се минтақаи алоҳидаи ҷумҳурӣ аз лиҳози инфрасохтори нақлиётӣ бо ҳам пайваст гардид ва маҷмааи ягонаи нақлиётӣ таъсис дода шуд. Илова бар ин, бо татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ маркази кишвар бо ҷануб тавассути роҳи оҳан пайваст гардид ва ҳоло дар мамлакат барои барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодаанд, ки 30 фоизи сандуқи умумии лоиҳаҳои татбиқшавандаро дар ҳамаи соҳаҳо дарбар мегиранд. Бо дахли муҳимияти роҳҳо дар рушди иқтисоди миллӣ Президенти Тоҷикистон зикр карданд, ки ин роҳҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ аҳамияти муҳим доранд. Аммо ин дастовардҳо ниҳояти кор нестанд ва моро зарур аст, ки барои истифодаи пурраи захираҳои мавҷудаи соҳа, баланд бардоштани қобилияти рақобати бахши нақлиёти ватанӣ ва таъмин намудани рушди устувори он боз корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Аз ҷумла, яке аз самтҳое, ки метавонад ба иқтисоди миллӣ даромади назаррас ворид намояд, таҳкими иқтидор ва имкониятҳои транзитии мамлакат мебошад, зеро то ба ҳол имконоти транзитии Тоҷикистон тавассути роҳҳои мошингард, роҳи оҳан ва масири ҳавоӣ пурра истифода бурда намешаванд. Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид карданд, ки тибқи таҳлилҳо, айни замон низоми маъмурии соҳа, аз ҷумла, расмиёти ҳамлу нақл, хизматрасонии назди роҳҳо ва монанди инҳо ба такмил эҳтиёҷ дорад. Дар ин самт густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ зарур буда, инфрасохтори мукаммал барои нигоҳдории роҳҳо, долонҳои нақлиётӣ, гузаргоҳҳои замонавии наздисарҳадӣ ва дигар иншооти зарурии барои транзит мувофиқ бояд бунёд карда шаванд. Иҷрои ин шартҳо моро ба ҳадафҳои гузошташуда наздиктар месозад.
Дар ин росто Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ба Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки Кодекси нави автомобилии ҷумҳуриро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва созишномаҳои аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.








Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад






