Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январ Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ро роҳбарӣ мекунанд

Январь 3, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 03.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раёсат дар ИДМ аз 1 январи соли 2018 аз Россия ба Тоҷикистон гузашт. Давоми як сол дар Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисӣ мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи декабри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар саммити ғайринавбатии ИДМ дар Москва изҳор доштанд, ки дар ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод кӯшишҳо ба самти таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ, инчунин барномаи ҳамкорӣ доир ба таҳкими амнияти сарҳадӣ дар марзҳои беруна равона хоҳанд шуд. Инчунин зикр карданд, ки «таваҷҷуҳи зарурӣ ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона хоҳад шуд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кӯшишҳои Тоҷикистон ба ҳайси раисикунанда дар ИДМ ба густариши минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ равона мегардад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, мулоқоти сарони ҳукуматҳо ва саммити сарони давлатҳои ИДМ яке аз чорабиниҳои муҳими ҷумҳурӣ дар соли 2018 маҳсуб меёбад.

Тавре котиби кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар мусоҳиба бо «РИА Новости» иброз намудааст, консепсияи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2018 баргузории маҷмӯи чорабиниҳои ба таҳкими ҳамкорӣ ва фаъолсозии равандҳои ҳамгироӣ равонашударо фаро мегирад.  Ӯ изҳори боварӣ кард, ки равандҳои аз ҷониби ин консепсия муайянгардида  зимни иштироки ҳавасмандонаи ҳамаи давлатҳои Иттиҳод дастгирӣ ва амалӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ин мақоми олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки ба он ҳамаи сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ шомиланд. Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ масъалаҳои муҳим- тағйирот ба оинномаи ИДМ, тағйирот ба сохтори мақомоти ИДМ-ро иҷро мекунад. Ҷаласаи Шӯро ҳамасола гузаронида мешавад. Қарори Шӯро танҳо бо ризоияти умум қабул карда мешавад, вале аъзои Шӯро ҳуқуқ доранд аз баррасии қарор худдорӣ намоянд.

Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар рӯзҳои охири соли 1991 таъсис ёфтааст ва он амалан Шӯрои давлатии ИҶШС-ро иваз намуд.

 ҒАЙР АЗ ИН…

Аз 1 январи соли 2018 раёсат дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Австрия ба Италия гузашт. Италия то охири сол раёсатро дар ин созмон ба уҳда хоҳад дошт. Афзалиятҳои асосии Италия зимни раёсаташ дар САҲА, пеш аз ҳама, ҳалли низоъҳои мавҷудаи минтақа, мубориза бар зидди ифротгароӣ, зӯроварии экстремизму  терроризм ва барқарор намудани боварӣ маҳсуб мешаванд.

Роҳбарии САҲА ҳамасола дар асоси ҷойивазкунӣ сурат мегирад.

 ***

Раёсати Шӯрои амнияти СММ моҳи январи соли 2018 бори аввал ба Қазоқистон вогузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2018 Қазоқистон ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ ба муҳлати ду соли оянда ба кор шурӯъ кард.

Январь 3, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
Гузориши даврии Тоҷикистон дар хусуси татбиқи Конвенсияи 2003 оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ қабул гардид
Масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои директорони Бунёди иқлими сабз дар Душанбе баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Шурои Федералии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус доир шуд
Дар Душанбе намоишгоҳи хайриявӣ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баррасӣ шуд
Дар Вена дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Фаридун Синирлиоғлу мулоқот намуд