Президенти Тоҷикистон: «Таҷрибаи давлатҳои рушдёфта дар соҳаи бонкдорӣ ҳаматарафа таҳлил гардида, дар низоми бонкӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад»
ДУШАНБЕ, 26.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII Шӯро баргузор гардид.
Яке аз масъалаҳое, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд, натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала зикр намуданд, ки дар зарфи ду — се соли охир аз меъёр зиёд шудани қарзҳои ғайрифаъол, мушкилоти пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ, татбиқи нопурраи принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, рушд накардани бозори қарзии байнибонкӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии низоми бонкӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ оид ба ин масъала ба Ҳукумати мамлакат супоришҳои зарурӣ дода шуданд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки таҷрибаи давлатҳои рушдёфта дар соҳаи бонкдорӣ ҳаматарафа таҳлил гардида, дар низоми бонкӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад.
Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо мақсади баланд намудани эътимоди аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор Бонки миллӣ якҷо бо бонкҳои ҷумҳурӣ бояд механизми суғуртаи пасандоз ва амонатҳои низоми бонкиро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мувофиқаи Ҳукумати мамлакат ҷорӣ намояд.
Ҳамчунин Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки яке аз омилҳое, ки ба рушди низоми бонкии ҷумҳурӣ монеъ шуда истодааст, дар ҳолати номуайянӣ қарор доштани амонатгузорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ мебошад.
«Барои бартараф намудани ҳолати мазкур муқаррар намудани низоми ягонаи назорати идоракунии корпоративӣ барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ муҳим мебошад»,-иброз доштанд Президенти ҷумҳурӣ.
Ҳамзамон Пешвои миллат зарур шумориданд, ки сатҳи касбияти кормандони соҳаи бонк баланд бардошта шуда, барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти фаъолияти бонкдорӣ такмил дода шаванд.
«Вобаста ба ин, ба Бонки миллӣ ва Вазорати молия супориш дода мешавад, ки ҷараёни ҷорӣ намудани идоракунии корпоративиро дар низоми молияву қарз тақвият дода, механизми шаффофияти фаъолияти бонкҳо ва баланд бардоштани эътимод ба онҳоро татбиқ намоянд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба фишангҳои пуливу қарзӣ ва баланд бардоштани бозоргирии коғазҳои қиматноки давлатӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд, то ҷараёни сармоягузорӣ дар мамлакат тавассути биржаи фондӣ фаъол гардонида шавад.








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад






