Соли 2017 корхонаҳои саноатии Хуҷанд ба 14 давлати хориҷӣ маҳсулот содир карданд

Январь 20, 2018 10:09

ХУҶАНД, 20.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Давоми соли 2017 дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд аз тарафи коргоҳҳои истеҳсолӣ аз 66 намуд маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда ҳаҷми 45 намуди он нисбат ба соли 2016 ба беш аз 100 фоиз таъмин гардида, ҳамзамон робитаи савдои берунии коргоҳҳои саноатии шаҳр низ сол аз сол афзуд.

Аз ҷумла,  танҳо давоми  соли 2017 аз ҷониби 18 корхонаи саноатии шаҳр ба 14 давлати хориҷии дуру наздик ба маблағи 322,1 млн. сомонӣ маҳсулот содир гардидааст, ки ҳаҷми он дар муқоиса бо соли 2016   141,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд,  дар маҷмӯъ, ҳоло корхонаҳои истеҳсолии шаҳр дар самти робитаҳои муштараки иқтисодӣ бо 39 давлати дуру наздик ҳамкории қавӣ дошта, танҳо дар 11 моҳи соли 2017 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ (яъне содироту воридот) ба маблағи 288,5 миллион доллари амрикоӣ таъмин гардидааст. Ҳамзамон 39 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 274,3 млн. сомонӣ маҳсулоти  воридотивазкунанда истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда низ нисбат ба соли 2016  48,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин тибқи маълумоти омории мақомоти шаҳрӣ, баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба коркарди нахи пахта дар коргоҳҳои ватанӣ, аз ҷониби 5 корхонаи саноатии шаҳр, ки ба коркарди нахи пахта машғуланд, ба миқдори 4056,7 тонна нахи пахта коркард карда шудааст, ки ин нишондиҳанда низ аз нақша зиед аст.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, дар асоси иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини мунтазами корхонаҳо бо барқ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда давоми соли гузашта аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр дар ҳамдастӣ бо ҳукумати вилоят корҳои муайян ба иҷро расонида шуданд. Дар натиҷа давоми 11 моҳи соли гузашта ба соҳаи саноати шаҳр ба маблағи зиёда аз 58,9 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидаанд. Дар ин давра истеҳсоли чанд намуд маҳсулоти истеҳсолшаванда, аз қабили профилҳои алюминӣ, дастпоккунакҳои намнок, маҳсулоти дӯхта, плитаҳои роҳрав, мех, рангҳои акрилӣ, арматура ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ, ки асосан ба давлатҳои ИДМ  содир карда мешаванд, афзуд.

Ҳамзамон роҳбарият ва намояндагони коргоҳҳои саноатии шаҳр мекӯшанд, то дар намоишгоҳҳои байналхалқие, ки дар Франсия, Италия, Германия, Россия, Ӯзбекистон, Чин ва дигар давлатҳо доир мешаванд, иштирок намуда, баҳри бастани шартномаҳо, воридоти технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак заминаи мусоид гузоранд.

Соли 2018 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ният дорад, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо мақсади афзун намудани шумораи коргоҳҳои истеҳсолкунандаи молҳои воридотивазкунанда боз 25 адад корхонаҳои нави истеҳсолиро бо беш аз 300 адад ҷойи корӣ таъсис  диҳад.

Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,

АМИТ “Ховар”

Январь 20, 2018 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад