Дилшод Раҳимов: «Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фарҳанги миллати тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад»
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муаррифии шоистаи фарҳанги миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва либоси ғайримиллӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварие мебошанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ аз онҳо ёдовар мешаванд. Далели ин гуфтаҳо аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 дар Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин ва чанд мавзӯи муҳими рӯз муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фолклоршинос Дилшод РАҲИМОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР нуқтаи назарашро чунин баён дошт:
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 рӯйдоди хурсандибахш ва таърихӣ мебошад, зеро бевосита аз ҷониби Сарвари давлат таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба самтҳои мазкур мақому манзалати баланд дорад. Тавре маълум аст, ҳар сол ба ин ё он мавзӯъ ё ягон самти афзалиятноки ҳаёти мардум солҳои мушаххас бахшида мешаванд, ки ин ҷиҳати рушду инкишоф ва омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳамон самт мусоидат менамояд. Вақте ки мо бо сафарҳои корию омӯзишӣ ба ин ё он минтақа мерафтем, мардуми онҷо, бахусус ҳунармандон мехостанд, ки ба ҳунари онҳо, яъне ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумат зиёд шавад. Яке аз ибтикороте, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуд– ин аз пардохти андозҳои маснуоти ҳунарҳои мардумӣ озод намудани ҳунармандон мебошад. Ин тадбири хирадмандонаи Пешвои миллат барои рушди соҳа ва беҳтар шудани зиндагии мардум – ҳунармандон, косибон, инчунин эҳё намудани як қатор ҳунарҳое, ки дар ҳолати азбайнравӣ қарор доранд, мусоидат мекунад.
Афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ба маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ
Воқеан вақте ки одамон аз якҷо ба ҷойи дигар сафар мекунанд, ҳатман ба фарҳанги мардуми маҳаллӣ, махсусан маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро ҷомеаи пешрафта аз навъҳои маҳсулоти кимиёвию синтетикии дар корхонаҳои саноатӣ омодашуда дилгир шуда, ба маснуоти дастии аз нигоҳи табиӣ ва экологӣ тоза таваҷҷуҳ бештар шудааст. Илми имрӯза дақиқан исбот намудааст, ки маҳсулоте, ки дар таркибаш моддаи кимиёвӣ дорад ё аз нефт омода мешавад, ба саломатии инсон зарар дорад. Имрӯз маҳсулоте (армуғонҳое) ҳастанд, ки бо ҳунари дастии мардуми маҳаллӣ сохта шудаанд ва на танҳо сайёҳон, балки аҳли фарҳанг, илм ва оммаи васеъ низ ба ҳунари онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Мо садҳо нафар сайёҳонро мебинем, ки аз мамлакати биҳиштосоямон маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, куртаи атлас, чакан ва сӯзаниҳои зеборо харидорӣ мекунанд, ки ин яке аз омилҳои рушди сайёҳӣ ва афзудани сайёҳон мебошад.
Номинатсияи чакан ба ЮНЕСКО пешниҳод шуд
Куртаи чакан, сӯзаниҳои чакандӯзӣ, тоқии чакан ва умуман санъати гулдӯзии чакан хеле зебо ва назаррабо буда, кас аз диданаш ҳаловат мебарад. Бо мақсади гиромидошт ва пос доштани ин намунаи фарҳанги ғайримоддии тоҷикон аз ҷониби кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 номинатсияи чакан мукаммал шуда, ба ЮНЕСКО ҷиҳати сабт дар феҳристи рӯйхати фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод шуд. Ҳоло номинатсияи мазкур дар назди комиссияи махсуси ин созмон дар раванди омӯзиш қарор дорад. Мо умедворем, ки соли равон- дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби боз як сертификати ЮНЕСКО хоҳад шуд.
Либоси миллӣ, ҷаҳонишавӣ ва омехташавии фарҳангҳо
Се даҳсола аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Ин раванд дар баробари ба фарҳанги ин ё он халқ ворид шудани фарҳанги мардуми дигар, инчунин падидаи дигареро низ ба бор овард. Яъне ҷаҳонишавӣ, ки худ як падидаи омехташавии фарҳангҳо мебошад, боз аксуламали худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷод кард ва ҳоло кишварҳои мутамаддину соҳибфарҳанг бар зидди он кор карда, барои ҳифзи фарҳанги худ тадбирҳои таъхирнопазир андешида истодаанд.
Дар ин ҷода мамлакати мо бетараф набуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ ва амалӣ шуда истодааст. Тибқи барномаи мазкур хеле корҳо анҷом дода шуданд. Агар мо бо он чизе, ки раванди ҷаҳонишавӣ пеш меорад, муқовимат накунем, бисёр чизҳоро аз даст медиҳем. Мебинем, ки таъсири фарҳанги берунӣ дар либоспӯшӣ, хӯрокпазӣ, ороиши хонаҳо, ҳатто як муддат дар номгузорӣ ва дигар анъанаҳои миллиямон зиёд шуд. Дар ин раванд мо бояд ба ин падидаҳо ҳарчи бештар муқовимат нишон дода, барои анҷом додани тадқиқоти илмӣ, тадбирҳои амалии густариши фарҳанги миллӣ, таблиғи либосҳои миллӣ, хӯрокҳои миллӣ ва монанди инҳо дастаҷамъона фаъолият намоем.
Хушбахтона, имрӯзҳо мебинем, ки либосҳои ба фарҳанги бегона хос дар мамлакат хеле кам ва таваҷҷуҳи ҷавондухтарону бонувон ба либосҳои миллии тоҷикӣ зиёд шудааст. Инчунин таваҷҷуҳи сайёҳон ба либосҳои миллии тоҷикӣ хеле зиёд мебошад, зеро либоси гулдӯзии чакан, куртаҳои атласу адрас, шоҳӣ ё ин ки ҷомаҳои алочаю беқасаб ва тоқиҳои зебои тоҷикӣ барои сайёҳон ҳамчун армуғоне мебошанд, ки онҳо аз диданашон ҳаловат мебаранд.
Бояд гуфт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳаи сайёҳии мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, дар ин сол таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд ва ба ин восита фарҳанги миллати тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.
























Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Қатар иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст






