«ПАЙКИ ҲУНАР». Мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанг ва ҳунари волост
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Пайки ҳунар» ҷамъомад доир гардид.
Дар ҳамоиш директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода зикр намуд, ки «ҳар давлат дорои фарҳанги ба худ хос мебошад. Мардуми тоҷик тавонист то имрӯз суннатҳои гуногуну рангоранги фарҳангиро тавассути мероси гузаштагон ва рисолаву таърихномаҳо нигоҳ дорад. Ҳангоми омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ муайян гардид, ки ҳанўз ҳам бисёр ҷанбаҳои гуногуни суннатҳои миллӣ ба таври комил мавриди пажӯҳиш ва омӯзиши дақиқ қарор нагирифтаанд. Албатта, сарчашмаҳои таърихиву мардумшиносӣ то замони истиқлол қисман аз ҷониби мухаққиқони рус ва дигар олимон таҳқиқ гардиданд, вале маҳсули заҳмати ҳунармандони замони Истиқлол хеле кам мавриди омўзиш қарор дода шудаанд».
Ба гуфтаи Абдусалом Мирализода, ҳоло зарур аст, ки паҳлӯҳои гуногуни ҳунарҳои мардумии мамлакат таҳлилу таҳқиқ шаванд. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки феҳристи эҷодиёти ҳунармандон, арзишмандтарин намунаи ҳунари онҳо дар самтҳои мухталифи фарҳанг, ҳунар, таърих ва мардумшиносӣ мавриди омӯзиши дақиқи илмӣ қарор гирифта, бо шумораи зиёд нашр ва пешкаши омма гардонида шаванд.
Ҳамзамон муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки боиси хушҳолист, ки соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин бори дигар гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанг ва ҳунар будаанд.
«Дар доираи табиқи иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ коргоҳҳои қолинбофии дастӣ, атласу адрасбофӣ ва мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил шуда, дар онҳо занону духтарони зиёд фаъолият доранд. Бо мақсади рушди ҳунарҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагии занони ҳунарманд дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон дар ноҳияҳои Вахш ва Данғара ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 100 адад ҷои кори доимӣ таъсис дода шуд. Ба ин корхонаҳо 50- нафарӣ занону духтарони хонашин, маъюбон ва духтарони аз таҳсил дурмонда ҷалб карда шудаанд»,- гуфт Зулфия Давлатзода.
Дар охири ҳамоиш ҳунари дасти ҳунармандони Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон «Ҳафт пайкар» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Назира» ба маърази тамошо гузошта шуд.










«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






