«ТУ БЕҲТАРИН!». Донишҷўи Коллеҷи санъати Душанбе дар Озмуни байналмилалии вокалии «НТВ»-и Россия Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад

Февраль 5, 2018 12:16

ДУШАНБЕ, 05.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷўи курси якуми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» Меҳрона Ғайбуллоева бо дархости ширкати телевизионии «НТВ»-и Россия барои иштирок дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!» («Ты супер!»)  ба Москва сафар кард.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  намоиши телевизионии озмуни мазкур 10 феврали соли 2018 тариқи шабакаи телевизионии «НТВ» оғоз меёбад. Дар он 82 нафар наврасони аз 7 то 18-сола аз Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок мекунанд. Ба ҳайати ҳакамони озмун Ҳунарпешаи халқии Россия,  оҳангсоз Игор Крутой, сарояндагон Сергей Лазарев, Юлианна Караулова ва оҳангсоз Виктор Дробиш шомиланд.

Чун дар мавсими аввал, ки соли гузашта доир шда буд,  имсол низ шоу-барномаи аллакай машҳури  телевизионии «Ту беҳтарин»-ро  сармуҳаррири Идораи барномаҳои мусиқӣ-фароғатии «НТВ» Вадим Такменев барандагӣ хоҳад кард.

Муовини директор оид ба таълими Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов Баҳром Назаров зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки озмуни «Ту беҳтарин!» ба кӯдакони боистеъдоде, ки ятиманд, имкон медиҳад қувваю истеъдоди худро санҷида, дар саҳнаҳои бузург сурудхонӣ намоянд.

Интихоби довталабон (кастинг) барои иштирок Озмуни «Ту беҳтарин!» ҳар сол ҳар сол аввалҳои моҳи декабр дар Сафорати Россия дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Меҳрона Ғайбуллоева тӯли се сол дар ин кастинг иштирок намуда, қувваю истеъдоди худро санҷид. Ниҳоят, имсол  ӯ ба   ин озмун роҳ ёфт»,- иброз дошт Баҳром Назаров.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, Меҳрона хатмкардаи  Мактаб–интернати № 1 –и шаҳри Душанбе мебошад. Бо мақсади иштирок дар ин озмуни байналмилалӣ ва ҷиҳати омодагӣ ба он Меҳрона Ғайбуллоева аз 11 январ инҷониб дар Федератсияи Россия қарор дорад.

«Ба озмуни «Ту беҳтарин!» воқеан ҳам беҳтаринҳо роҳ меёбанд. Боварӣ дорем, ки Меҳрона яке аз ин нафарони арзанда мебошад. Боиси ифтихор аст, ки чунин наврасону ҷавонони соҳибистеъдод бо неруву  тавоноии кофии хеш фарҳанги миллии тоҷиконро дар хориҷ аз мамлакатамон муаррифӣ менамоянд»,- илова кард ҳамсуҳбати мо.

Хотиррасон менамоем, ки намоиши мустақим аз ҷараёни ин озмун 10 феврал аз шабакаи телевизионии «НТВ» (инчунин дар сомонаи «НТВ.RU) соати 22.00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Февраль 5, 2018 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд