ҲУНАР — БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР. Шахси ҳунарманд ҳаргиз хору муҳтоҷ намегардад
РОШТҚАЛЪА, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Деҳаи Хидорҷеви ҷамоати деҳоти ба номи Қурбоншо Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа бо ҳунармандони худ дар тамоми ҳудуди ноҳия шӯҳрат дорад. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ъълон гардидани соли 2018 барои эҳё ва рушди минбаъдаи касбҳои аҷдодӣ имконоти бештар фароҳам меоварад. Айни ҳол дар ин деҳа ду оҳангархона ва як корхонаи тавлиди асбобҳои мусиқӣ фаъолият мекунанд. Сардори корхонаи оҳангарӣ Лашкарбек Шогунбеков гуфт, ки “то солҳои 60-уми асри гузашта ҳар як деҳаи кӯҳистони Бадахшон дорои оҳангархона буд. Бо тақозои замон аксари ин коргоҳҳо аз байн рафтанд. Ман касби падарро омӯхтам ва оҳангархонаро ҳифз кардам. Деҳқонон аз гӯшаву канори ноҳия ба наздам меоянд ва ба ман изҳори сипос мекунанд, ки касби падарро хор накардам. Ҳоло мизоҷони зиёд дорам. Чунки бештари киштзорони деҳқонон дар кӯҳдоманҳо ҷойгиранду заминашон пур аз сангу рег аст. Деҳқонон маҷбуранд ҳар сари чанд вақт каланд, юғу испорро таъмир ва ё иваз кунанд”.
Лашкарбек Шогунбеков гуфт, ки барои ҳар мард дар баробари касби асосӣ доштани ягон ҳунари иловагӣ зарур аст. Беҳуда гузаштагони мо нагуфтаанд, ки ба як мард чил ҳунар кам аст. Касе ки ҳунар дорад, ҳаргиз хор намешавад. Барои ҳамин ӯ зарур мешуморад, ки ин касби бобоиро ба фарзандону бародаронаш ёд диҳад. Дилаш пур аст, ки баъди ба нафақа баромадан дари ин коргоҳи падар баста намемонад. Баръакс мехоҳад баъзе аз дастгоҳҳои муосири барқиро дар коргоҳ васл кунад, то корашон сабуктар шавад.
Дар ин деҳа ҳамчунин ду коргоҳи тавлиди асбоби мусиқӣ фаъолият мекунанд, ки яке аз онҳо ба усто Асадбек Элчибеков тааллуқ дорад. Соли равон талабот ба маҳсулоти ин коргоҳ бамаротиб бештар шуд ва ӯ дар баробари фарзандонаш боз шаш нафар аз ҳамдеҳагони худро ба кор ҷалб намуд. Ба гуфтаи Усто Асадбек, аз байни ҷавонони деҳа онҳоеро интихоб кард, ки на танҳо асобоби мусиқӣ сохта метавонанд, балки бо мусиқӣ ҳам шинос ҳастанд.
Усто Асадбеку ҳамкоронаш соли гузашта дар даҳҳо намоишгоҳҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ маҳсули дасти худро ба намоишу фурӯш гузошта, аз ин ҳисоб маблағи кофӣ ба даст оварданд. Ин имконият дод, ки Усто Асадбек барои коргоҳаш баъзе асбоби зуруриро дастрас намояд.
Ҳунармандони коргоҳҳои ҳунарии деҳаи мазкур ҳоло ба истиқболи ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинанд. Онҳо ният доранд, ки дар ин ҷашн асбоби нави мусиқӣ ва ҳам оҳангариро ба намоиш гузоранд.








Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд






