ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ: дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали корҳои эҷодии устодон ва донишҷӯён баргузор гардид

Март 31, 2018 12:51

ДУШАНБЕ, 31.03.2018. /АМИТ  «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали корҳои эҷодии устодон ва донишҷӯёни Донишкада доир гардид.  Дар инбора гузориши хабанигорони АМИТ «Ховар».

Тавре  мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар чорабинии идона Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок намуда, ба маҳсули корҳои эҷодии ҳунармандон баҳои баланд дод.

Дар саҳни Донишкада аз ҷониби донишҷӯён навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нону кулчаҳои миллии мардумӣ, шириниҳои гуногун  пешниҳод гардид, ки ҳар кадом аз хони бою таърихи куҳан доштани мардуми тоҷик ҳикоят мекарданд. Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи деҳқонони мамлакат пешниҳоди бинандагон карда шуд, ки меҳмонони дохилу хориҷи кишвар аз он тамошои дастранҷи устодону донишчуён баҳравар гардиданд.

Аз ҷониби донишҷӯён барномаи консертӣ, қироати шеъру суруд манзури бинандагон карда шуд, ки аз маҳорати воло ва шавқӯ рағбати донишҷӯён ба санъату мусиқӣ ва арҷ гузоштан ба суннатҳои миллӣ далолат менамояд.

Дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода сухан гуфта, изҳор дошт, ки баргузории ин фестивал  баҳри эҳёи ҳунарҳои миллии халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси фарҳангдӯстиву ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

                                                                             Зарангези ЛАТИФ,
То
ҳир САИД,
АМИТ «Ховар»

 

Март 31, 2018 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд