«ҚАДРИ ЗАР ЗАРГАР БИДОНАД…». Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Намоиши маҳсулоти заргарӣ , ки имрӯз дар Боғи «Ирам» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи пойтахт 21 апрел дар Боғи «Ирам» намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунари заргарони ҷумҳуриро пешкаши сокинони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ мегардонад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ имрӯз дар ин чорабинӣ иштирок ва аз ҷараёни он гузориш пешниҳод намуд.
…Дар Боғи «Ирам» имрӯз зиёда аз 40 нафар заргарони хушзавқ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе аз даромадгоҳ то маркази боғ, дар ду канори роҳ маҳсули ҳунари заргарии худро ба намоиш гузоштанд, ки аз таърихи пурғановати фарҳангу ҳунари мардуми мо гувоҳӣ медод.
Бояд зикр намуд, ки заргарӣ дар баробари дигар ҳунарҳо аз машҳуртарин ҳунарҳои қадима маҳсуб меёбад, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Заргарӣ — ҳунари истеҳсоли маснуоти бадеӣ аз филизот, сангҳои қимматбаҳову арзон ва моддаҳои органикӣ мебошад. Он аз қадимтарин ва машҳуртарин навъи санъати ороиши амалист.
Тавре дар сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ зикр гардидааст, бино ба шаҳодати бозёфтҳои бостоншиносон, аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун фетиш – ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваҳои бадӣ нигаҳ медоштанд. Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд. Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, зарагарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор касби заргарӣ хеле рушд ёфта буд. Дар аксари шаҳрҳои калон заргарон дӯкону растаи худро доштанд, ки он ҷо ҳам макони зист ва ҳам ҷои фаъолияти онҳо буд. Дар Бухоро дар гузари Токи Заргарон ҳамаи устохонаҳо ва дуконҳои заргарони шаҳр ҷойгир шуда буданд. Тибқи иттилои О.А. Сухарева, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро тақрибан 400 нафар заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Дар қатори мардҳои заргар баъзан занҳову духтарони онҳо низ дар хонаҳои худ ба кори заргарӣ машғул мешуданд.
Шоҳқурбон Каримов, корманди собиқадори корхонаи «Зари Кӯлоб» яке аз заргарони номдори ин шаҳри бостонӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ то имрӯз дар баробари фаъолияти пурсамар ва саҳм гузоштанаш дар рушди ин навъи ҳунари мардумӣ инчунин чандин шогирд омода намудааст. Номбурда дар чандин озмуну чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори медалу ифтихорномаҳо гардидааст.
Дар омади гап, заргарони кӯлобӣ бо ҳунари волояшон дар саросари Тоҷикистон ва хориҷи кишвар машҳуранд. Яке аз заргарони овозадори шаҳри Кӯлоб хонадони Исматуллои заргар ба ҳисоб меравад. Сарвари хонадон Исматуллои заргар (1939-1995) ин касбро аз аҷдодони худ омӯхта будааст. Усто Исматулло нозукиҳои касби заргариро дар назди усто Ҳакими Лиxакӣ такмил медиҳад. Ӯ ин касби нозукро ба завҷааш Майрамбӣ Саидова меомӯзонад, дар навбати худ Майрамбӣ ин ҳунари қадимиро ба фарзандонаш Ҳасан, Ҳусейн, Бибӣ, Аминамо, Ҳусниямо, Субҳиямо, Ҷумъахон, Шеравган ва Мустафо ёд медиҳад.
Дар гузари Қаволо фарзандони Зумрадбии заргар — Маҳмуд ва Ҷӯрахон касби бобоиро идома медиҳанд. Онҳо ин касби авлодиро аз бобои худ Усто Очил, ки яке аз устоҳои хеле бомаҳорати деҳаи Тебалай будааст, омӯхтаанд. Дар кӯчаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб касби заргариро оилаи Бобоевҳо зинда медоранд. Усто Набиҷон ва Бобоҷон нозукиҳои ин касбро ба бародарон ва фарзандони худ меомӯзонанд.
Дар кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев касби заргариро Наимов Шоҳназар давом дода истодааст. Ӯ касби заргариро аз падараш Тағай Наимов (1918-1992) омӯхтааст.
Имрӯз мардуми шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб асосан аз нуқра дастпонаҳои чалладор, чала, гӯшвора, силсила, зиреҳ, қулфи гиребон (садаф), даспона, гӯякча,ситора ва ғайраҳо тайер менамоянд.
Ҳаким Наимов (1915-1983) аз деҳаи Личаки поёни ноҳияи Муъминобод низ аз заргарони машҳур буд. Имрӯз касби заргариро писари усто Ҳаким, Шоҳқурбон ва наберааш Давлатшоҳ идома дода истодаанд…
Аз тамошои намоишгоҳ маълум гардид, ки заргарон ҳоло ҳам навъҳои маснуоти заргарӣ — дастпона, қулфи гиребон, гӯшвора, холчӯб, чолбанд, зира, нуқрапӯшак ва ғайраҳоро хеле моҳирона месозанд ва аз рӯи ҳунарашон зиндагиашонро пеш мебаранд.
Гарчанде заргарӣ таърихан касби занона ва мардона буд, дар асрҳои миёна ва гузашта ба мардҳо бештар мансуб гашт. Аммо дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аз ибтидои асри 21 духтарони тоҷик ба ин касб майл ва таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд.
Сари ҳар қадам маҳсули ҳунари заргарони чирадаст, ки аз нақшҳои заргарии бостонии ниёгон ва ороишоти замонавӣ омода гаштаанд, ба чашм мерасид. Иҷроиши кори қисми зиёди ин маҳсулот сирф дастӣ буд. Қисми дигар бо истифода аз технологияи муосир сайқалу такмил ёфта буданд. Зимни омода намудани маснуоти заргарӣ сангҳои зебои ороишӣ ва қиматбаҳо, аз қабили алмос, лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷвард, ҷазъ, булӯри кӯҳӣ, ҷамаст, яшм, қаҳрабо, ақиқ ва ғайра низ истифода шудаанд. Ин аст, ки аз дидани ин зебоӣ ҳар бинанда як ҷаҳон таассуроти фораму хотирмон бардошт.
Тамошои ороишоти заргарӣ боиси болидахотирии намояндагони сершумори вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва сокинон, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд, гардид.
Ёдовар мешавем, ки Намоиши маҳсулоти заргарӣ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи мамлакат Рустами Эмомалӣ ташкил гардид. Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ «Рӯзи оҳангарон», «Рӯзи чармгарон», «Рӯзи чӯбтарошон», «Рӯзи косибон», «Рӯзи чакандӯзон» ва «Рӯзи атласбофон»-ро баргузор намояд.
Бешубҳа, таъкид кардан бамаврид аст, ки ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун армуғони арзанда барои сайёҳон ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нақши бузург дорад.