Дар Иттифоқи нависандагон бахшида ба 140-солагии устод Айнӣ маҳфили адабӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрели соли равон дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нахустин президенти Академияи илмҳо ва Қаҳрамони халқи Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид, ки дар он нависандагон, шоирон, олимон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Низом Қосим маҳфилро оғоз бахшида, таъкид намуд, ки устод Айнӣ на танҳо дар жанри наср, балки дар назм низ яке аз чеҳраҳои тавонои адабиёти тоҷик ба шумор меравад.
Дар маҳфили адабӣ ҳамчунин Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор, Муҳаммад Ғойиб, Аскар Ҳаким, Зулфия Атоӣ ва дигарон аз фаъолият ва корномаҳои устод Айнӣ ёдовар шуданд. Гулрухсор порае аз шеъри «Марши ҳуррият»-и устод Айниро қироат намуда, иброз дошт, ки устод Айнӣ аввалин шоире буд, ки бо услуби нав шеър гуфт ва ӯро мо метавонем асосгузори шеъри нави на фақат тоҷик, балки форсизабонон низ ҳисоб кунем. Ба гуфтаи ин шоира, шеъри «Марши ҳуррият»-ро устод Айнӣ соли 1918 эҷод намуд ва дар адабиёти Эрон бо чунин шакл баъдтар соли 1926 шоир Нимо Юшиҷ шеър эҷод намудааст.
Шоира Зулфия Атоӣ низ доир ба нақш ва ҷойгоҳи устод Айнӣ изҳори андеша намуда, пешниҳод кард, ки вазни шеърҳои устод Айнӣ аз сӯйи муҳаққиқон таҳқиқ шуда, ҳамчун намуна барои шоирони навқалам дар як маҷмӯа чоп шавад.
Маҳфили эҷодӣ бо намоиши саҳнаи театрӣ дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба анҷом расид.








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






