Дар Иттифоқи нависандагон бахшида ба 140-солагии устод Айнӣ маҳфили адабӣ доир гардид

Апрель 11, 2018 16:28

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрели соли равон дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода   ба муносибати 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нахустин президенти Академияи илмҳо ва Қаҳрамони халқи Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид, ки дар он нависандагон, шоирон, олимон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ  Низом Қосим маҳфилро оғоз  бахшида, таъкид намуд, ки устод Айнӣ на танҳо дар  жанри  наср, балки дар назм низ яке аз чеҳраҳои тавонои адабиёти тоҷик ба шумор меравад.

Дар маҳфили адабӣ ҳамчунин Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор, Муҳаммад Ғойиб, Аскар Ҳаким,  Зулфия Атоӣ ва дигарон аз фаъолият ва корномаҳои устод Айнӣ ёдовар шуданд.  Гулрухсор порае аз шеъри «Марши ҳуррият»-и устод Айниро қироат намуда, иброз дошт, ки устод Айнӣ аввалин шоире буд, ки бо услуби нав шеър гуфт ва ӯро мо метавонем асосгузори шеъри нави на фақат тоҷик, балки форсизабонон низ ҳисоб кунем. Ба гуфтаи ин шоира, шеъри «Марши ҳуррият»-ро устод Айнӣ соли 1918 эҷод намуд ва дар адабиёти Эрон бо чунин шакл баъдтар соли 1926 шоир Нимо Юшиҷ шеър эҷод намудааст.

Шоира Зулфия Атоӣ низ доир ба нақш ва ҷойгоҳи устод Айнӣ изҳори андеша намуда, пешниҳод кард, ки вазни шеърҳои устод Айнӣ аз сӯйи муҳаққиқон таҳқиқ шуда, ҳамчун намуна барои шоирони навқалам дар як маҷмӯа чоп шавад.

Маҳфили эҷодӣ бо намоиши саҳнаи театрӣ дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба анҷом расид.

Апрель 11, 2018 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид