Маҳаки асосии иқтидори сайёҳии Тоҷикистонро зиёда аз 3000 ёдгориҳои мероси моддӣ ташкил медиҳанд

Апрель 19, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 19.04.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон мавқеи муҳим дорад ва маҳаки асосии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягии табиати биҳиштосои он зиёда аз 3000 ёдгориҳои мероси моддӣ, муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мамнуъгоҳҳо ва мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ, таърихию бостоншиносӣ ташкил медиҳанд.

Ин суханонро сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ, ки ҳамасола 18 апрел дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад, иброз намуд.

Номбурда истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳоро ҳадафи асосии кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг шуморида, зикр кард, ки тарғибу ташвиқи сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавассути ҳамкории ватанӣ ва байналмиллалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳанӯз соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, ба аъзогии Созмони мероси фарҳанги ҷаҳонӣ — ЮНЕСКО шомил гардида буд.

Бино ба маълумоти ҳамсуҳбат, дар айни замон ёдгориҳои бостонӣ ва табиии Саразм ва «Боғи Миллӣ» ба рўйхати асосии ЮНЕСКО ворид карда шуда, соли 2009 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Халқии Хитой — 8 адад ва соли 2015 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон — 5 адад ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявии кишвар тавассути силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба рўйхати пешакии ЮНЕСКО номнавис гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳамоишҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 13 адад ёдгориҳои таърихию-фарҳангӣ ва меъморӣ ба силсилаҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» – ЮНЕСКО: «Шаҳраки Панҷакенти қадим» ва «Шаҳраки Бунҷикат» ба гузаргоҳи «Зарафшон», «Шаҳри Ҳисор» ба гузаргоҳи «Марказӣ», «Дайри буддоии Аҷинатеппа», «Мадрасаи Хоҷа Машҳад», «Шаҳраки эллинистии Тахти Сангин», «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» ба гузаргоҳи «Амударё», «Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон» ба гузаргоҳи «Вахон», «Қалъаи Хуҷанд», «Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин», «Тасвирҳои рўисангии ноҳияи Ашт», «Ёдгории меъмории Мадрасаи Ойим», «Ёдгории меъмории Мадрасаи Мир Раҷаб Додхоҳ» ба гузаргоҳи «Фарғона-Сирдарё» шомил гардиданд.

Инчунин 4 макони бостонии тасвирҳои рӯисангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силсилаҷоизаи «Тасвирҳои рӯисангии Осиёи Марказӣ» ворид гардидаанд, ки инҳо мавзеъҳои Оқҷилга ва Шахтии ноҳияи Мурғоб, Лангари ноҳияи Ишкошим, Сойи Сабағи ноҳияи Мастчоҳ мебошанд. Раванди мазкур самаранок идома ёфта, моҳи апрели соли 2015 ёдгории бостонии «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» дар самти ёдгориҳои моддии дараҷаи байналмилалӣ ба Ҷоизаи «Global Rating Nomination»-и Институти рейтинги байналмилалии ЮНЕСКО сарфароз гардид.

Ба андешаи Шералӣ Хоҷаев, аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кўлоб, Хуҷанд, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷотҳои ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ ва катибаҳои «Қуръони Карим» бо хати куфии шукуфо, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфтҳои «Хазинаи Амударё» аз ҳудудҳои шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғ., ки қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд ва ҳамчун нобиғаҳои нодири мероси фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Зикр шуд, ки шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ афзоиш ёфта, теъдоди онҳо дар ҷумҳурӣ ба 6-адад расонида шудааст ва ин ҳадди ниҳоӣ набуда, он минбаъд низ афзоиш меёбад. Таъсиси Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, муассисаи давлатии Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Муассисаи давлатии маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрўд, Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии кишвар дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба шумор меравад.

Мавқеи мамнуъгоҳҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Маҳз чунин объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо наздик дар бисёр маврид ҷойҳои тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, ки урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нигоҳдорӣ шудаанд, барои ҷалби сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Нигоҳдорӣ ва муҳофизати объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир яке аз вазифаҳои муҳими органҳои давлатӣ дар самти нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар самти мазкур корҳои назаррас ба анҷом расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 санади меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таъихию фарҳангӣ қабул гардидааст.

Бино ба гуфтаи сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, дар давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 70 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тармиму барқарор гаштаанд. Илова бар ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба тасвиб расидааст.

«Татбиқ ва амали намудани Барномаи мазкур имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танзими ҳифз, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фароҳам омада, теъдод ва сифати объектҳои мероси таърихию фарҳангии барои истифода пешниҳодшаванда бештару беҳтар гарданд, ки ин дар навбати худ афзоиши воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро таъмин менамояд. Тағйироти куллие, ки туфайли татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ба амал меоянд, барои пурра намудани фазои солими иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маърифатии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастёбии озодона ба сарчашмаҳои мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат менамоянд», — афзуд ӯ.

Тибқи Нақшаи Барномаи мазкур дар ду марҳила корҳои тармиму барқарорнамоӣ 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ фарогир мешаванд, ки аз онҳо 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир хоҳанд шуд. Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин беш аз 60,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавӣ мебошанд.
Иҷрои пурраи Барномаи мазкур, ҳамчунин имкон медиҳад, ки яке аз самтҳои даромадноки иқтисодӣ – туризми фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам орад.

 Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд