Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 22 апрели соли равон Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешаванд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр карданд, ки бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд аллакай гурӯҳи калони намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки дар ин рӯзҳо ҳамчунин миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Самарқанд Бизнес – форум баргузор шавад. Интизор меравад, ки дар доираи Бизнес – форум миёни соҳибкорони ҳарду ҷониб созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд ҳамчунин дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи «Динамо»-и шаҳри Самарқанд 20 апрел дидори дӯстона анҷом медиҳад.








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






